Бадбахтона, солҳои охир ҳодисаҳои даст ба худсӯзию худкушӣ задани занону духтарони ҷавон дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд.
Суди олӣ бар асоси санҷиши 48 парвандаи ба худкушӣ расонидан сабабҳои даст ба худкушӣ задани занону духтаронро таҳлил кардааст. Бар асоси санҷиши парвандаҳое, ки додгоҳи олӣ дар соли 2019 анҷом додааст, дар ҳафт маврид занон бинобар муносибати бераҳмонаи шавҳар ё таҳқиру латукӯб шудан аз тарафи ӯ худкушӣ кардаанд.
Тавре “Радиои Озодӣ” хабар додааст, арзёбии додрасҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки дар кишвар теъдоди зиёди худкушӣ дар байни занон ба сабаби ҷабру зулм ва беэҳтиромии шавҳар сурат мегирад.
Дар се мавриди дигар муносибати хусуру хушдоман ва ё волидони шавҳар сабаб шудааст, ки келини хонавода аз ҷони азизи хеш даст бикашад.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар Тоҷикистон зӯроварӣ ба зан, ба истилоҳ расм шудааст. Соли 2020 дар Тоҷикистон 295 парвандаи зӯроварӣ дар оила баррасӣ шудааст, ҳарчанд ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи зан бисёре аз бонувони тоҷик бо вуҷуди ҷабру зулми аъзои хонавода ё шавҳар ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намекунанд.
Мақомоти кишвар барои пурзӯр кардани мубориза бо ин зуҳурот охири соли 2021 хушунат ба занро ҷиноят эълон карданд ва барои он ҷазои зиндон ҳам таъйин шуд.
Дар арзёбии парвандаҳои расонидан ба худкушӣ, ки Додгоҳи олӣ нашр кардааст, омадааст, ки дар умум дар 17 ҳолат ҷабрдидаҳо худро овехтаанд, дар 15 маврид бо истеъмоли доруи зиёд худро аз зиндагӣ маҳрум кардаанд.