Чуноне ки мо аз мавъизаҳо фаҳмидаем, намози ид гузоштан савоби зиёде дорад. Мегуфтед, ки оё занҳо ҳам намози ид мехонанд?
Оиша, сокини н. Рӯдакӣ
Посухи Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси Раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Аз нигоҳи мазҳаби фиқҳи ҳанафӣ дар масҷид хондани тамоми намозҳо аз ҷониби занҳои ҷавон макруҳ аст. Ҳамчунин, ба занҳои пиронсол низ дар намози пешин ва аср, яъне дар вақти рушноӣ рафтан ба масҷид макруҳ аст, - омадааст, дар “ Мухтасар-ал-виқоя”.
Дар “Фатвои Раҳимия” омадааст, ки занон дар намоз иди ва намозҳои панҷгона ба масҷид наояд, чунки замони мо замони фитна аст ва дар қарни замони Пайғамбар (с.в.с.) нузули “Қуръон” буду беҳтарин қарн. Дар он замон ҳам иҷозат набуд.
Ҳатто ривоятҳое ҳам ҳастанд, ки заноне омаданд назди Пайғамбари Худо (с.в.с.) ва гуфтанд, ки мехоҳем пушти сари ту намоз хонем. Пайғамбар гуфтанд, ки дар хонаат намоз хонӣ, аз пушти сари ман беҳтар аст. Агар дар хонаат намоз мехонӣ, дар хонаи дарун хондан беҳтар аст нисбат ба хонаи берун.
Аз идора: Ҳар рӯз дар ҳамин вақт метавонед ба саволҳои худ дар мавриди Иди Қурбон ва фазилатҳои он, қурбонӣ ва дигар унсурҳои ин ид посух гиред.