Ҳабибҷон Баҳриддинов яке аз ҳаҷвнигорони ҷавони тоҷик мебошад, ки дар муддати начандон тулонӣ мухлисони зиёде падо кардааст.
Ҳабибҷон дар ҳақиқат маҳорати баланди ҳаҷвӣ дошта, дар қариб тамоми барномаҳои консертиаш толор пур аз дӯстдорони ҳаҷву ханда мегардад. Ин ҳунарманди боистеъдод барои мухлисонаш чӣ сюрпирзҳои нав омода кардааст?
Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо ин эҷодкори хушзавқ сӯҳбат оростем.
-Ҳабибҷон, чӣ боис гашт, ки шумо ба стендап рӯ овардед?
-Ман аз давраи мактабхонӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок карда, саҳначаҳои ҳаҷвӣ намоиш медодам.
Баъдан мо дар проекти “Территория Юмора” иштирок кардем ва ҳамин тавр шавқу ҳавасам ба ҳаҷв бештар гашта, ҳамин роҳро интихоб намудам.
-Боварӣ доштед, ки ин жанрро мардуми тоҷик хуб қабул мекунанд?
-Вақте инсон як корро бо дили пок сар мекунад, ба мардум писанд меояд. Мо бо ҳаҷв хотири мардумро болида мегардонем.
Албатта мардум хуб қабул мекунад.
- Мегӯянд Ҳабибҷон барои ба саҳна роҳ ёфтанд дар тӯйҳо ройгон хизмат мекард. Ин то куҷо асоси воқеӣ дорад?
-Буданд ҳолатҳое, ки мо дар тӯйҳо ройгон хизмат мекардем, вале ин барои худро дар назари мардум ширин кардан набуд. Мо дар тӯйи хешону пайвандон, дӯстону ҳамсинфону ҳамкурсон ройгон хизмат мекардем. Дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва байни донишгоҳҳо ҳам ҳамеша ройгон баромада карда, аз ин лаззат мебурдем.
-Шудааст, ки дар ягон Стендапатон номи касеро гирифта бошед ва ӯ аз шумо сахт ранҷида бошад?
-Бале, ин гуна ҳолатҳо буданд. Дар ҳаёт ҳастанд шахсоне, ки ҳаҷвро хуб қабул мекунанд ва ҳастанд одамоне, ки ҳаҷвро аслан қабул надоранд. Бапрои ҳамин имрӯзҳо пеш аз оне ки номи касеро гирем, аввал як бор аз наздаш мегузарем, то наранҷанд.
-Матнҳои стендапатонро худатон менависед ё аз забонҳои хориҷӣ тарҷума мекунед?
-Маъмулан 80 % сенариямон аз худамон аст. Мо он чизе, ки мавзӯи мубрами рӯз аст, ба мардум пешниҳод мекунем. Танҳо 20% аз маводҳое истифода мебарем, ки аллакай истифода шудаанд.
-Мухлисонро рӯзҳои наздик чӣ сюрпризҳо интизор аст?
-Мо барои хушҳолии мухлисон як барномаи нави ҳаҷвиро бо номи “Занкалон” омода кардаем, ки санаи 13-уми феврал соати 19:00 дар кохи “Суруш” баргузор мегардад. Бо хоҳиши мухлисон барномаи мазкурро дар шаҳри Хуҷанд санаи 17-уми феврал дар кохи Рӯдакӣ, баъдан 18-уми феврал дар Кохи Фарҳанги Исфара, 20-уми феврал дар Кохи Фарҳанги Конибодом, пас аз ин дар шаҳрҳои Панҷакент, Бохтар ва Самарқанд пешкаши ҳаворони ҳаҷви тоҷик месозем.