Sebiston new 2024 october
ЗАНКАЛОН
3832

Саломи худро ба хонандагону ҳаводорони сомонаи “Оила” мерасонам. Ман мӯйсафеди 70 - сола, падари 5 фарзанд ҳастам. Номаеро, ки айни ҳол ба шумо ирсол карда истодаам, наберачаам аз нақли ман менависад ва умедворам, ки онро мутолиа намуда, нисбати тақдиру сарнавишти ман бетараф намонда, ҳатман маслиҳатҳои судманд медиҳед.

Инсон дар ҷавонӣ аз пайи ташвишҳои рӯзгор, тарбияи фарзандон, мушкилоти волидон, хонасозӣ, тӯйи фарзандон овора шуда, заррае фикри ояндаи худро намекардааст. Ҳол он ки дар ҷавонӣ агар ақлу савод дошта бошӣ, ба касе муҳтоҷу дастнигар намешавӣ, вале дар пирӣ ҳатто барои фарзанди худат дарди сару нодаркор мешавӣ.

Тамоми умр дар корхонаҳои бонуфуз кор карда, фарзандонамро аз ҳама ҷиҳат таъмин мекардам, ҳамаашонро хононда, оиладор кардам. Азбаски дар бисотам ҳамагӣ як писар дорам, аз хурдӣ писарамро эркаву ҳар чизи мехостаашро муҳайё мекардам. То замоне, ки писарамро оиладор кардем, зиндагиямон ширину байни ману фарзандон ва оилаам нофаҳмиву дилсиёҳӣ сар намезад.

Вақте масъалаи оиладоркунии писарам ба миён омад, Орзуҷон ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб намуд, ки духтари дӯстдоштаашро ба занӣ мегирад. Ҳарчанд завҷаам аз доираи хешу табор чанд духтари таги чашм кардагӣ дошт, вале писарам арӯсҳои ёфтаи модарашро хуш намекард.

Арӯси таърифӣ

Хулоса, дилам ба гиряву таваллои писараки ягонаам сӯхта, қарор додам, ки духтари дӯстдошташро гирифта, ба занӣ медиҳам. Фикр мекардам, ки хушбахтии писарам хушбахтии ман аст, бигзор бо дӯстдоштааш оила бунёд карда, зиндагии ширин ба сар дошта бошад. Тамоми маблағи захира кардаамро истифода бурда, барои писарам дар беҳтарин тарабхонаи шаҳр бо иштироки сарояндагони номдори кишвар тӯйи осмонкаф ороста, келинро ба хона овардем.

Аз рӯзҳои аввали арӯсияшон, аз рафтору кирдори келин эҳсос мекардам, ки писарам дар интихоби бахт сахт ғалат намудааст, вале бо гумони он ки оҳиста-оҳиста ақли келин ба ҷояш меояд, муҳри хомӯшӣ ба лаб мезадам. Намедонам сабаб дар сустии писарам буд ё хомӯшии ману завҷаам, ки келинамон на моро писанд мекарду на шавҳарашро.

Боз як хислати бадаш ҳамин буд, ки ҳар он чизе аз хонаи падараш оварда буд, дар сандуқҳояш пинҳон мекарду ҳар он чизе шавҳараш харида меовард, бурда дар хонаи худаш маҳкам мекард. Баъзан дар сатили партов хӯроку маҳсулоти пӯсидаи ғизоиро дида, ману завҷаам гиребони ҳайрат мегирифтем, зеро то ин дам дар хонаи мо касе одати пинҳонкориву гурусначашмӣ надошт.

Мо - фарзандонамонро серу пур ба воя расонида будем ва чунин амали келин ба асабҳои мо нохун мезад.

Келини мошинсавор

Баъди он ки писарам пайи ҳам соҳиби чор фарзанд шуд, тамоми муҳаббату ҳастияшро ба фарзандонаш бахшида, ноҳурмативу беодобии занашро нодида мегирифт. Келини қишлоқии мо, ки баъди дар шаҳр маълумоти олӣ гирифтанаш рафтору кирдори худро куллан тағйир дода буд, аз шавҳараш талаб намуд, ки ба ӯ мошин харида диҳад.

То замони мошин хариданаш мо келинро дар хона намедидем, ҳар куҷое хоҳад, таксисавор мерафту ҳар коре хоҳад, аз касе напурсида, кардан мегирифт. Хулоса, келинам хонда, ҳуҷҷати ронандагӣ гирифту акнун мисли раисаҳо бо карру фар бо мошин мегардад. Писарам бошад, мисли ғуломи ҳалқабаргӯш ҳар хостаи ӯро иҷро мекунаду аз гапи занаш берун намешавад.

То замоне, ки завҷаам аз уҳдаи пухтупаз ва шустани либос мебаромад, мо келинро интизор нашуда, худамон хӯрок пухта мехӯрдем, вале чанд соли охир оилаам бемор шуда, дигар сари дегу табақ рафта наметавонад. Ана бо ҳамин сабаб дар хонаи мо ҳар бегоҳ ҷангу ҷанҷол аст.

Вақте ки ману завҷаам сари дастурхон мешинем, авзои келин беҷо шуда, ба ғур-ғур медарояд. Ҳол он ки оилаам касалии қанд дорад ва бояд зуд-зуд хӯрок истеъмол кунад, вале ҳар дафъае, ки аз набудани хӯрок шикоят кунем, келинам хонаро ба сараш мебардорад.

Мард, ки латта шуд...

Тавре дар боло нақл кардам, келинам на маро писанд мекунаду на занамро. Ҳолатҳое шуданд, ки бо шиками гурусна ба бистари хоб медароем. Чанд маротиба ба писарам шикоят кардем, вале писарам, ки табиатан ҷавони орому ботамкин аст, хомӯшона гапамонро гӯш мекунаду чизе намегӯяд.

Бар замми нописандияш, келинам ба хонаамон омадани хешу табор ва наздикони моро хуш надорад ва аллакай аз дағаливу қошу қавоқаш чанд нафар аз дари хонаамон бо димғи сӯхта баромада рафтанд. Духтаронам низ омада, аҳволи моро дида, ҷигархун мешаванд, вале ба хотири наранҷонидани бародарашон хомӯшона баромада мераванд.

Чанд маротиба тасмим гирифтам, ки хонаро фурӯхта, ҳаққи писарамро ҷудо мекунаму барои худам кулбае гирифта, дар давраи пирӣ бо ягон набераи духтарӣ умр ба сар мебарам, вале ҳар дафъа писарам аз ман ранҷида, чанд рӯз қаҳрӣ мешаваду бо димоғи сӯхта мегардад...

Писарамро сахт дӯст медорам, ӯро ранҷонидан намехоҳам, вале ҳис мекунам, ки ин зан моро азоб дода, мекушад. Пиронсолон нозукдил мешаванд ва мисли кӯдак аз ҳар гапу ҳар кор ба зудӣ меранҷанд, ман ҳам аз захми гапу корҳои келинам руҳафтодаву асабӣ мешавам, аз он ки тамоми умр ба хотири писарам заҳмат кашида, хона сохтам, ӯро хонондам, барояш зиндагии шоиста тақдим намудам, аламам мекунад.

Дилсӯзӣ ба фарзанд

Ҳар вақте ки келини шаттоҳ ба сари писарам дод зада, зӯрӣ мекунад, мӯйҳои сарам рост шуда, тамоми вуҷудам ба ларза медарояд. Азбаски чанд маротиба ҷарроҳӣ шуда, синну солам аз 70 гузаштааст, наметавонам ба ҳимояи писарам хеста, адаби чунин зани бефаросатро диҳам, вагарна зада 32 дандонашро мешикастаму худам ба зиндон мерафтам. Ҳис мекунам, ки дигар тобу тавони тоқат кардани чунин зиндагиро надорам.

Дилам ба фарзандам месӯзад, ҳоло ки ману модараш зиндаву тори сараш ҳастем, келин чунин рафтор мекунад, баъди сари мо ҳоли ҷигарбандам чӣ мешуда бошад. Чанд маротиба фарзандамро шинонида, зиндагии ширини ману модарашро мисол оварда, маслиҳат додам, ки аз баҳри чунин зан гузарад, вале писарам мегӯяд, ки фарзандонаш хору зор мешаванд. Дар ҳоли ногуворе қарор дорам, чӣ кор карданамро намедонам.

Чанд маротиба хостам келинро аз дар берун кунам, вале писарам боз ӯро бо зораву тавалло гирифта, ба хона меорад.

Хонандаи гиромӣ, мунтазири маслиҳатҳои шумо ҳастам, ба мани пиру шикастадил роҳи дурустро нишон диҳед. Писарамро аз хона пеш кунам?

Бобои Мурод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД