Бисёре аз ҷавонони имрӯза, ҳатто чанде аз дӯстони ман, ба гарданашон занҷир ва ресмонҳо меовезанд. Дар нигини ин овезаҳо номи паёмбар, акси Маккаву Мадина, моҳ ва дигар суратҳо ҳаккокӣ шудааст. Дини Ислом ба ин чӣ назар дорад?
Фаридун, ш. Хуҷанд.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар занҷир ва ё ресмонҳои овехташуда агар акси мавҷудоти зинда бошад, овехтани онҳо на барои мардон ҷоиз аст ва на барои занон. Дар сурати набудани акс занҳо метавонанд, занҷир банданд. Вале овехтани занҷир ва ресмон, ки яке аз хусусиятҳои занон аст, ба мардон ҷоиз нест. Мардон набояд, худро ба занон монанд кунанд.
Ибни Аббос (р) мефармояд: “Расулуллоҳ (с) мардонеро, ки худро ҳаммонанди занон қарор медиҳанд ва занонеро, ки худро шабеҳи мардон мекунанд, лаънат намудааст". Бинобар ин, шарт нест, ки мардон худро бо гарданбандҳои ҳархела орову торо кунанд.