arzon replenishment
Зани зираку доное, ки дар 17-солагӣ ба тахти подшоҳӣ нишаст
19.03.2025
Oila.tj
617

Клеопатра ҳангоме, ки ба тахти шоҳӣ нишаст ҳамагӣ 17 сол дошта, дар 39 солагӣ аз оламшгузаштааст. Вай бо 9 забони қадимаи замони худ гап мезад.

Ғайри забони қадимаи мисрӣ, Клеопатра иероглифҳоро хонда метавонист, киаллакай дар сулолаи ӯ ин кор ғайриимкон гашта буд.

Клеопатра ҳамчунин забони юнонӣ, забони портҳо, ибрӣ, модиёнӣ, троглодиҳо, суриягӣ, ҳабашӣ ва арабиро ба хубӣ медонист. Ба шарофати забондониаш ба ӯ тамоми дарҳои донишу илми замонааш дастрас буд.

Ғайр аз забондонӣ, Клеопатра илми ҷуғрофия, таърих, ситорашиносӣ, дипломатияибайналмилалӣ, математика, алхимия, тиб ва итқисодиёту дигар илмҳоро хуб медонист.

Клеопатра вақтизиёди худро дар озмоишгоҳаш мегузаронд, ки дар он ба омӯзиши растаниҳо ва косметика машғул буд. Ҳатто ӯ чандин корҳои илмӣ нависта, мутаассифона, ҳангомиоташ гирифтани китобхонаи машҳури Александрия соли 391-и пеш аз милод несту нобуд шудааст. Аммо табиби машҳури юнонӣ Гален осори Клеопатраро хонда, баъзедастурҳои ӯро нусхабардорӣ карда будааст.

Шоҳзодаи Мисрӣ хусусиятҳои табобатии растаниҳоро омӯхта, доруву тарёку заҳру подзаҳр омодамекард, зеро вай ба шарофати забондониаш тамоми папирусҳои дар қасри фиръавнҳо боқимондаро хонда метавонист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД