arzon replenishment
Зани тоҷикро чӣ ба муҳоҷират мебарад?
856

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, сарҳади он торафт васеътар мегардад.

Солҳои пешин маъмулан мардон ба хотири дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводаашон рӯ ба муҳоҷират меоварданд, вале акнун занону духтарон низ бо мақсади беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии худ ба Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.Албатта занони тоҷик низ аз ин раванд истисно нестанд.

Тавре ки Бунафша Файзиддинзода, Раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт:

“Дар соли 2023 тибқи маълумотҳои оморӣ 132 ҳазору 957 нафар занону духтарон аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Шумораи занҳои муҳоҷир нисбат ба соли 2022 ҳудуди 58 ҳазор бештар мебошад. Аз шумораи умумии занҳои ба муҳоҷират рафта 103 ҳазору 536 нафар ба Ватан баргаштаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 39 ҳазор бештар аст. “


Агар бархе аз занону духтарон ба назди шавҳар, падар ё бародарашон ба қавле дидорбинӣ рафта бошанд, теъдоди дигари бонувон мисли мардон бо мақсади дарёфти кор ва беҳтар намудани шароити зисту зиндагии худ ва аҳли оилаашон рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардаанд.

Аксари бонувоне, ки бо мақсади пайдо намудани кори муносиб ва беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагиашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, занҳое мебошанд, ки аз шавҳар ҷудо шудаанд ва ё падари фарзандонашон аз олам гузашта, такягоҳу саробоне надоранд. Ин тоифаи занон бештар ба хотири ҷамъ кардани пули хона ё сохтмони манзил рӯ ба муҳоҷират меоранд, вале на ҳамеша ба зан даст медиҳад, ки дар ғурбат кор карда, маблағи калон ба даст биёрад.

Матлуба, як зани муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Маскав мегӯяд, барои занон дар Русия кор ёфтан нисбат ба мардон хеле осонтар аст. Бонувон метавонанд дар мағоза ё ошхонаю қаҳвахонаҳо ба сифати пешхизмат ё фаррош кор кунанд, аммо музди меҳнат чандон зиёд нест.

Албатта ҳастанд занҳои тоҷики соҳибмаълумот, ки дар Русия ба сифати духтур, ҳамшираи шафқат ё омӯзгор кор мекунанд, аммо шумораи чунин бонувон хеле кам, метавон гуфт, ки ангуштшумор мебошад.

Бо мақсади дастгирии занони муҳоҷир ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор дар Ватан дар Тоҷикистон барномаҳои махсус амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон дар Русия бо занону духтарони муҳоҷир робитаи пайвастаро роҳандозӣ намудааст, илова бар ин, ҳамасола барои бонувони кордон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд, ки занҳои муҳоҷир низ аз он баҳравар мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД