Беназир байни шаш бародар духтари марди сарватмандест, ӯро ду сол пеш як оилаи хуби дигар келин мекунанд. Домоду арӯс баъди тӯй ба сафар мебароянд, то моҳи асалашонро дар Туркия сипарӣ кунанд ва домод дар рӯзи сеюми саёҳаташон ғарқ мешавад, ҷасадашро намеёбанд. Беназир як сол бемор буд, дипрессияи сахт ӯро аз по афтонда буд, падару модар, хусуру хушдоманаш бо як азоб ӯро ба по монданд. Ту акнун аз саргузашти ӯ огоҳӣ ва бародарона меҳрубонияш намо, ба хотири ман. Беназир хеле одамгурез буд, вале оҳиста-оҳиста мо ба ҳам унс гирифтем ва ӯ кушода шуда, баъзе розҳояшро ба ман мегуфт. Ӯро саҳар бародараш оварда, ба кор мемонд ва бегоҳ омада мебурд, баъдҳо ӯ ба бародараш гуфтааст, ки шарт нест бегоҳҳо омадани шумо, як ҳамкорам ба назди хона гузашта меравад, маро ҳам меорад. Ҳамин хел мо сахт наздик шудему ман ӯро дӯст доштам, бори аввал дар умрам ошиқ шудам. Пеш аз ин ман бо чанд духтарак робитаҳои ошиқона доштам, аммо ин гуна дӯст доштанро бори аввал эҳсос мекардам. Беназири нозанин ишқи маро рад мекард ва мегуфт, ки Мунисҷон ман зани шавҳардидаам ва дар ҷамъияти мо издивоҷи бачаи «хона» бо бева хуб истиқбол намешавад. Падару модарат низ ризо намешаванд, аз ин рӯ, ту ин суханро ба волидонат нагӯ, ман аз ин ҷавобҳои бонуи қалбам асабӣ мешудаму мегуфтам, ки туф кардам ба ҷомеа, чаро ман бояд зиндагиямро мувофиқи назари ҷомеа барпо кунам?! Хуллас, баҳсҳои зиёде доштем, эҳсос мекардам, ки Беназир низ маро дӯст медорад, вале худашро медорад. Аммо ман бе табассумҳои зебо, чашмҳои фаттон, мӯйҳои марғулаи хушбӯй ва атри ӯ наметавонистам ва азм кардам, ки инро ба модарам мегӯям…
Сели ғазаби модар
Чанд рӯз пеш модарам дар зодрӯзи ҷиянам сари дастурхон назди ҳама гуфт:
-Шаҳноз ҳам ба курси се гузашт, ягон ҳафта пас ба хостгорӣ меравему охири тобистон насиб бошад, тӯй мекунем. Ҳеҷ гап не, таваллуд, ки кард доя мегирем, шукри Худо зӯрамон мерасад. Ҳама хомӯш буданд, яъне масъала ҳал, ҳамин вақт гуфтам:-Оча, ман Шаҳнозро ба занӣ намегирам, ман каси дигаро дӯст медорам.
Модарам инро чашмдор набуд, вале худашро ба даст гирифта, кӣ будааст дӯстдоштаат гуфта пурсид. Ман дар бораи Беназир ва сагузашти талхаш нақл кардаму хун ба сари модарам зад, ӯ бо асабоният гуфт:
-Ту калӣ, кӯрӣ ё шал, ки беваро мегирӣ?! Беномуси латта, ту ба кӣ рафтӣ?! Ҳоло ист, ман ун беваи сархӯри маккораро ёфта, мӯйҳояшро якто-якто канда, ба дасташ медиҳам!
-Оча, вақте одамро намешиносӣ дар борааш ҳаргуна ҳарф назан охир, Беназир низ зидди ин издивоҷ аст, аммо ман ӯро дӯст медорам, маро фаҳмед!
Баъди ин гуфтугӯ сар шуд рӯзи сиёҳи ман, модарам Беназирро ёфта, бо ӯ сӯҳбат кард. Чун дид, ки духтари бомаънӣ ва хушахлоқ аст, аз гуфтаҳояш шарм дошт, вале аз гапаш намегардад. Ман ҳоло дар хонаи бародари калониям зиндагӣ дорам, модарам бошад, ҳеҷ ором намешавад. Дирӯз ӯ ба наздам омада мегӯяд, ки “майлаш, аввал Шаҳнозро гиру баъд «беваи хокпаноҳ»-ата зани дуюм кун”.
Эй мардум, ман намехоҳам, ки Шаҳнозро бадбахт кунам ва Беназирро зани дуюм ҳам намекунам. Беназир акнун аз ман мегурезад, мегӯяд, ки модарат ҳақ аст, агар маро ба ҳолам нагузорӣ, корро бас карда, ба назди бародарам ба Олмон меравам. Аммо медонам, ӯ маро дӯст медорад, Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ бояд кард?!
Бо эҳтиром Мунис