Formula novemver 2024
ЗАНИ СЕЮМ ГИРАМ Ё...?
24.11.2020
Р. Азимӣ
5591

 Баъди бо Миҷгона ном духтар шинос шудан аз зану фарзандам дилхунук гаштам. Миҷгона бо ширинзабонӣ мисли мор дар остинам ҷой шуда аз ман хоҳиш мекард, ки хонаеро иҷора гирифта зиндагӣ кунем. Розӣ шудам. Зиндагиямон ширин буд.

Меҳрубониҳои Миҷгона маро чунон афсун намуданд, ки дигар ба хона, назди ҳамсарам намерафтагӣ шудам. Бечора занам занг занад, телефонро хомӯш мекардам. Ҳамин тавр як сол пинҳонӣ зиндагӣ кардему модарам бемор шуд. Ба аёдати модарам рафтам. Ҳамсарам баробари маро дидан мисли модаргург ба ҳуҷум гузашта талаб кард: «талоқамро деҳ, дигар бевақаторӣ зиндагӣ кардан намехоҳам!» Ба гапаш аҳамият надода ба назди модарам даромадам.

Кампир бо оби дида ба шиква даромад, ки занат дигар маро ягон зарра нигоҳубин намекунад, ягон корро фармоям дарҳол «писарат зани нав гирифтааст, бигзор келини наватон хизмат кунад» мегӯяд. Вақте фаҳмидам, ки ҳамсарам нисбати модарам беэҳтиромӣ карда, ҳатто ҷойгаҳашро намепартофтааст, хун ба сарам зад ва занамро ҷеғ зада хуб ҳақоратборонаш намудам.

Дилам бо ин ҳам таскин наёфт, талоқашро дода аз дар берунаш кардам. «Ба ҳамааш ту гунаҳкорӣ, агар зани дигар намегирифтӣ, ман нисбати модарат чунин муносибат намекардам. Аламамро аз кӣ гирифтанамро надониста бо кампир ҷанҷол мекардам» гӯён, зор-зор гиристу фарзандамро ба оғӯш кашида гирёну нолон баромада рафт.

Рӯзи дигар хешовандонаш омада, кӯчу бандашро бурданд. Хонавайронӣ барои одами солимақл дарди гарон аст, вале мани ба доми ишқи зани ҷодугар афтида ягон зарра парво надоштам, ки зиндагиам вайрону фарзанди ягонаам зиндаятим гашт. Дилам пур буд, ки Миҷгона ҳаст. Аз байн ду рӯз нагузашта маҳбубаамро ба хона овардам. Модарам келини навро дида, хурсанд шуд, вале…

Шодии ману модарам дер давом накард, Миҷгона ду пояшро ба як мӯза андохта талаб мекард, ки модарамро бурда ба хонаи пиронсолон супорам. Алоҳида зистан мехостааст. Кӯшиш кардам ба хубӣ фаҳмонам, ки ман аз баҳри модарам гузаштанӣ нестам, вале ҳеҷ ақли ин духтари якрав ба сараш намезад. Дидам, ки ба нағзӣ намешавад, як-ду шаппотии обдор задам. Миҷгона ҳам қаҳр карда баромада рафт. Борҳо барои оварданаш рафтам, вале ӯ аз гапаш нагашта «модаратро ба хонаи бесоҳибон супор, баъд ман ба хонаат меравам» мегӯяд. Талоқашро додам, чунки дигар аз паси ин зани беандеша давидан маънӣ надошт. Айни ҳол бе зан ҳамроҳи модарам зиндагӣ дорам.

Пушаймонам, ки зани якумамро сар додам, вале рӯям намешавад, ки рафта бахшиш пурсаму ӯро дубора ба хона биёрам. Азоби безанӣ маро афгор карда истодааст. Намедонам чӣ кор кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, хонандагони азиз, зани сеюм гирам ё бо зани якумам оштӣ шавам?

Исматулло, аз Регар                                                                                                                                                                                                                                                                                       

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД