arzon replenishment
Зани русамро партоям, гадо мешавам
08.06.2024
ОИЛА.ТҶ
5514

Салом. Аввалан ба ҳамаи шумо саломатӣ мехоҳам. Ман дӯст дошта зан гирифтаму ба хотири обод шудани зиндагӣ ба муҳоҷират омадам.

Дар мулки рус шабе ҳангоми аз кор ба хона баргаштанам, мавриди лату кӯби миллатгароёни рус қарор гирифтам. Маро аз дасти қотилон зани русе халос карда, кормандони полисро ба ҷои ҳодиса фарёд кард. Ин зан дар беморхона ҳам бароям сахт кумак расонид. Ҳато баъди аз беморхона баромадан, маро дар хонааш сарпаноҳ дод. Рӯзе гуфт, ки мехоҳад бо ман издивоҷи расмӣ кунад. Некиҳои ӯро фикр карда, розигӣ додам.

Зани русам ҳар моҳ ба ҳамсари тоҷикаму кӯдаконам пул мефиристад. Ҳатто гуфт, ки онҳоро ба Русия биёр, вале ҳамсарам ин гапро шунида, даъво дорад, ки зани русамро партофта, ба Ватан баргардам. Дар ҳолати ногувор мондаам. Агар ба хонаам баргардам, шаш фарзандро чӣ гуна мехӯронаму мепӯшонам?

Шумо ба ҷойи ман мебудед, чӣ кор мекардед. Фақат илтимос, гапҳои бад нанависед.

А., “Кошонаи Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД