(ИДОМААШ)
Хусуру хушдоманамро чун падару модари худам эҳтиром мекардам. Баъди арӯс шуда омаданам, хусурам ба ман бештар таваҷҷӯҳ мекард. Инро меҳри падарӣ гуфта, он қадар диққат намедодам. Ягон хатоӣ кунаму хушдаманам маро сарзаниш кунанд, хусурам дарҳол маро пуштибонӣ мекард. Гоҳ-гоҳ зебоӣ ва қаду қоматамро таърифкунон суруд ҳам мехонд. Нигоҳҳояш аҷиб буданд.
…Зиндагии Мансуру Манзура хуб буд, вале бо гузашти як сол аз байн онҳо соҳиби фарзанд нашуданд. Барои навхонадорон одат шудааст, ки баъди тӯй дарҳол соҳиби фарзанд шаванд. Боре фикр намекунанд, ки Худованд ин неъматро гоҳе зуд ва гоҳе дертар лоиқ мебинад. Холаи Зумрад, модари Мансур бисёр зани ҳалим ва хубу хоксор буд. Як рӯз ҳини субҳона дар масъалаи ба назди табиб рафтани Мансуру Манзура гап кушод.
-Бачем, мегӯям, ки ҳамроҳи келин як ба назди духтур равед. Шояд дар саломатиатон иллате ҳаст?
-Э, оча, Худован кае хост, худаш медиҳад. Саросема шудан чӣ лозим? Аз хонадоршавии мо нав як сол гузаштааст. Мисли баъзе оилаҳо 10-15 сол дар интизори фарзанд бошем, чӣ кор мекарда бошед?
-Гапат дурусту лекин сухани маро ҳам ба замин нагузор. Имрӯз ҳардуят ҳатман ба назди духтур равед,-ба Мансуру Манзура супориш дод, холаи Зумрад.
Зану шавҳари ҷавон ба назди духтур рафтанд. Гуфтаи холаи Зумрад дуруст баромад. Баъди ташхис маълум шуд, ки Манзура бояд табобат гирад, зеро бачадонаш шамол хӯрда будааст.
-Ана, дидӣ, агар гапи маро намегирифтӣ… Хайр, Худо оқибаташ ба хайр шавад,-гуфт, холаи Зумрад, баъди шунидани хабари бемории келинаш.
…-Гапи хушдомани раҳматиямро гирифта ба беморхона рафтему тахминашон дуруст баромад. Баъди табобат ман ҳомиладор шудам. Хушдоманам бисёр хурсанд шуданд. Ҳама дар интизори писар буданд, вале хушдоманам духтар мехостанд. Тифли батман чор моҳа буд, ки хушдоманам якбора бемор шуданд. Он кас бемории қанд ва фишорбаландӣ доштанд. Бастаи доруҳояшон ҳамеша ҳамроҳашон буд. Аҳволашон бад шуд, доруву дармон дигар фоида накард. Табибон ҳам ин навбат коре карда натавонистанд. Ҳамин тавр, хушдоманамро аз даст додем. Барои ман, ки зани дуҷон будам, ин фоҷиа зарбаи сахт буд. То чанд муддат ба худ омада натавонистам. Афсӯс, ки раҳматӣ набераи нахустинашонро ба даст нагирифта, дунёи фониро падрӯд гуфтанд. Бисёр мехостанд, ки ман духтар таваллуд кунам. Орзуи зиёд доштанд, вале ҳамроҳашон ба хоки сард бурданд. Ман таваллуд кардам. Духтарча. Канӣ акнун хушдомане, ки ин духтарчаро ба оғӯш гираду армон шиканад. Номашро Зумрад гузоштем. Баъди марги хушдоманам муносибати хусурам бо ман тамоман тағйир ёфт. Аз ҳад зиёд меҳрубон шуда буд, ҳатто аз пештара бештар. Шавҳарам низ инро меҳри падарона пиндошта, рафторҳои падарашро нодида мегирифт. Кор то ба ҷое расид, ки хусурам ба ман гап мепартофтагӣ шуд. Аз шарм сурх шуда, чӣ кор карданамро намедонистам. Ба шавҳарам нақл кунам, албатта, гапи маро бовар намекунад. Ба касе лаб во накунам, кор аз кор мегузарад. Ночор хомӯш истода, ба тифли хурдсол ва кору бори хона худро овора мекардам. Кӯшиш мекардам, ки ба чашми хусурам кам намоён шавам. Як рӯз Зумрадро дар гаҳвора бастаму аллагӯён дар сари гаҳвора хоби худам ҳам бурда мондааст. Ба хона даромадани хусурамро нафаҳмида мондам. Як чизи вазнин, вале нарм ба танам расид. Як қад парида хестаму хусурамро дар болои сарам дида, шах шуда мондам.
-Амак, ба шумо чизе лозим аст?-пурсидам, тарсидаву ларзида худро аз хусурам канор гирифта.
-Лозим, лозим, лозим,-дандонҳояшонро ба ҳам соида, ҷавоб дод хусурам.
…Ба хона даромадани хусурамро нафаҳмида мондам. Як чизи вазнин, вале нарм ба танам расид. Як қад парида хестаму хусурамро дар болои сарам дида, шах шуда мондам.
-Амак, ба шумо чизе лозим аст?-пурсидам, тарсидаву ларзида худро аз хусурам канор гирифта.
-Лозим, лозим, лозим,-дандонҳояшонро ба ҳам соида, ҷавоб дод ӯ.
Ин дам аз берун садои духтарчаи ҳамсоя баланд шуду нақшаҳои нопоку палидонаи хусурамро барҳам дод.
-Эҳ, дар овози ширинат ҷонам. Худо туро аз куҷо расонид?-аз дил гузаронидаму парида аз ҷоям хестам ва ба берун баромадам. –Санамҷон, чӣ мехостӣ, хоҳарҷон?
-Ба хонаамон меҳмон омад. Падарам гуфтанд, ки амаки Абдуллоро ҷеғ зан, омада ҳамроҳи меҳмонҳо як пиёла чой нӯшанд.
Духтарчаи ҳамсояро ҷавоб додаму ба хона даромадам. Хусурам ҳамроҳи Зумрад, ки аз хоб бедор шуда буд, дар сари гаҳвора бозӣ дошт.
-Амак, ҳамсоя шуморо ба назди меҳмонҳояш даъват кардааст. Меравед?-бо сари хам пурсидам ва ҷуръат намекардам, ки ба чашмонаш нигарам.
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)
Дилрабо Усмонова, омӯзгор аз ш.Душанбе