arzon replenishment
Зани писару маъшуқаи падар
16849

 

Муаллима ҳастам. Дар мактаби миёнаи шаҳр аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба бачаҳо дарс мегӯям.

Рости гап, ҳама шумораҳояшро не, вале аксар вақт кӯшиш мекунам, ки барои мутолиаи ҳафтаномаи «Оила» фурсат пайдо кунам. Дар бораи палидии баъзе хусурҳо зиёд хонда будам, вале он қадар бовар намекардам. Ин бор ҳамсинф ва дугонаи наздики даврони мактабиам Манзура қиссаеро аз ҳаёташ бароям нақл кард, ки ҳуш аз сарам парид. Бовар кунед, то ҳол ба худ омада наметавонам.

Нисфирӯзӣ дарсам ба охир расид ва қарор додам, ки ба бозор рафта харид мекунаму то аз кор баргаштани шавҳарам ягон хӯроки болаззат мепазам. Бо ҳамин фикру хаёл то истгоҳ омадаму автобусро интизор шудам. Ин лаҳза як зани тақрибан ҳамсинну соли худам ба наздам омада, телефонамро пурсид.

-Апаҷон, як дақиқа телефонатонро медиҳед, ба хонаамон занг занам?!

Аввал телефонамро доданӣ набудам, чун ин гуна нафарони ба қавле «мошенник» дар шаҳр кам нестанд. Баъди бодиққат ба сару рӯяш нигоҳ кардан, ӯро шинохтам. Ҳамсинфам Манзура буд. Ҳамон Манзурае, ки 11 сол ҳамроҳ паси як парта дарс хондем. Ҳамон Манзурае, ки аз зеботарин духтарҳои мактабамон ба ҳисоб мерафту ба ҳар тори мӯяш як ҷавон овезон буд. Баробари ӯро шинохтан дилам хиҷил шуд. Аз он зебоиву ҳусну латофат чизе намонда. Дар танаш либосҳои кӯҳнаву обшуста, пойафзолаш фарсуда, мӯйҳояш парешон…

-Манзура?!-баъди шинохтанаш садо баланд кардам. Ӯ, ки то ин дам шояд аз шарм сархам меистод, бо шунидани номаш як қад парида, барқсон ба рӯям дида дӯхт. Дуру дароз нигоҳам кард.

-Манзура, ин туӣ?-ӯро аз ҳолати карахтӣ берун овардан хостам.

-Дилрабо?,-бо лабҳои парсингбаставу садои ларзон зери лаб пичиррос зад.

-Бале, бале, ин ман, Дилрабо,-аз шодӣ овоз баланд кардам.

Манзура мисли оне ки модарашро пас аз чанд сол дида бошад, худро яку якбора ба оғӯши ман партофту гиряро сар дод. Ман ҳам чизе нагуфта ӯро ба оғӯш гирифтам. Гарму самимӣ дидорбинию аҳволпурсӣ кардем. Пай бурдам, ки ҳолаш хуб нест, ба ҳамин хотир бозорривиро як сӯ гузошта, ӯро ба қаҳвахонаи канори роҳ таклиф намудам, то каме ҳамроҳ дарди дил кунем. Таклифамро пазируфт ва ҳамроҳ ба қаҳвахона даромадем. Барояш хӯрок фармоиш додам, аммо рад кард, ки ҳатто луқмаеро ба даҳон бурда наметавонаду танҳо чой менӯшад. Сари як пиёла чойи гарм сӯҳбати мо авҷ гирифт.

-Ростӣ, туро дар кӯча бо ин аҳвол дида, хавотир шудам, Манзура. Чӣ гап аст? Ё бо шавҳарат гапҳоятон гурехт?

-Кошки гапам бо шавҳарам мегурехт, ин қадар алам намекард. Як ба аҳволи ман нигоҳ кун, ба зани ҷавон монандам!? Аз ғаму дарди зиндагӣ бармаҳал пир шудам, дугона,-оҳи сард кашид, Манзура.

-Ин ғаму дард дар ҳама оила ҳаст.

«Ҳар кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест,

Ё одам нест, ё аз ин олам нест»-гуфтаанд. Мушкилиҳоро мардонавор паси сар кардан лозим. Танҳо дар ҳолати сабурӣ инсон ба мақсади худ мерасад. Зиқ нашав, бо хости Худо ҳамааш хуб мешавад.

-Аз куҷо хуб мешавад? Акнун ният доштам, ки телефонии туро гирифта, ба падарам занг мезанам, ки омада маро барад. Тоқатам тоқ шуд, дигар сабр карда наметавонам. Ҳама чиз ҳад дорад, ҳатто сабр.

-Канӣ аз оилаат нақл кун, аз шавҳарат, фарзандонат, хусуру хушдоманат. Мактабро хатм кардему дигар туро надидам.

-Эҳ, дугонаҷон, ту напурсу ман нагӯям…

Манзура ба як нуқта нигоҳ карда, дуру дароз ба фикр фурӯ рафт. Ашки чашмонаш беихтиёр аз бари рӯяш ба болои миз мечакид. Маълум буд, ки дарду аламаш зиёд аст. Аз оне ки ӯро барои нақли саргузашташ маҷбур сохтам, худамро нороҳат ҳис кардам. Дигар аз ӯ чизе напурсидам. Ҳамроҳаш ман ҳам сукут кардам. Ҳарду хомӯш будем. Манзура ҳатто ҷуръати ба рӯйи ман нигоҳ карданро намекард. Рӯяш ҷониби берун буд. Ин ҳол чанд дақиқа давом кард. Билохира, ашки чашмонашро пок карду худаш ба гап даромад.

-Мансур дар хотират ҳаст? Дар мактаб аз худамон як синф боло мехонд-ку!

-Ҳамон бойбачае, ки доим аз паси ту мегашт?

-Худи худаш…

-Чӣ шудааст?

-Баъди хатми мактаб хостгорҳояшро ба хонаамон равон кард. Як шом падару модараш ба хостгорӣ омаданд. Ба падару модарам фаҳмонданд, ки нияти писарашон ҷиддӣ асту маро дӯст медорад. Аз тақдир ҷои гурез набудааст. Волидонам, мисле ки ҷоду шуда бошанд, чизе нагуфта, розигии маро доданд. Дар ҳоле ки ман Мансурро дӯст намедоштам. Ҳамон вақт падари Мансур ду пояшро ба як мӯза андохта, исрор мекард, ки хоҳу нохоҳ маро ба писараш келин мекунад. Меҳрубонии хусуру хушдоманамро дида, дилам гармтар шуд. Фақат Худоро зора мекардам, ки маро соҳиби оилаи обод гардонад. Дигар талабе надоштам.

…Ҳамин тавр, падару модари Мансур баъди гирифтани розигӣ чанд маротибаи дигар ба хонаи падару модари Манзура омаданд. Дар иду ҷашнҳо сару по, атру упо, тӯҳфаҳои қимматбаҳо ва хӯрокҳои лазиз гирифта меомаданд. Волидони Манзура аз омад кардани бахти духтарашон меболиданду курта-курта гӯшт мегирифтанд ва аз Худованд ба навҷавонон бахти сафед металабиданд. Хулас, замони тӯй ҳам маълум шуд. Мошинҳои якранги хориҷӣ чанги кӯчаҳои деҳаро ба осмон бароварда, домодро ба хонаи арӯс оварданд. Маъракаҳо тибқи расму оин сурат гирифт. Дар фазои суруду мусиқӣ, карнаю сурнай ва рақсу бозӣ Мансур Манзураро гирифта ба шаҳр бурд. Тӯйи онҳо дар яке аз тарабхонаҳои номдори пойтахт баргузор гардид. Ҷуфти ҷавон хушбахт буданд. Манзура ҳам ба тақдир тан дод ва кӯшиш мекард, ки шавҳарашро дӯст дораду эҳтироми ӯро ба ҷо орад.

-Тӯямон хуб гузашт, дугона. Худат медонӣ-ку, Мансур бойбача буд. Дар шаҳр ҳам хона доштаанд. Тӯйро дар шаҳр баргузор карда, моро рост ба хонаи дар шаҳр доштаашон оварданд. Баъд хонаи дар деҳабударо фурӯхтанду ҳама ба шаҳр кӯчиданд. Дар ҳавлии калон бо хушиву хурсандӣ зиндагии ширин доштем. Мансурро дӯст доштам. Хусуру хушдоманамро чун падару модари худам эҳтиром мекардам. Баъди арӯс шуда омаданам, хусурам ба ман бештар таваҷҷӯҳ мекард. Инро меҳри падарӣ гуфта, он қадар диққат намедодам. Ягон хатоӣ кунаму хушдаманам маро сарзаниш кунанд, хусурам дарҳол маро пуштибонӣ мекард. Гоҳ-гоҳ зебоӣ ва қаду қоматамро таърифкунон суруд ҳам мехонд. Нигоҳҳояш аҷиб буданд.

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД