Бародарам ин суханонро шунида гуфт:
-Ака, шумо розигии писаратонро нагирифта будед?
-Ӯ аз аввал нею нестон мекард, вале мо гумон кардем, ки баъд аз тӯй ҳамааш мегузарад,-модари Олим бо садои гиряолуд ба модарам муроҷиат карда гуфт, -маро бубахш дугонаҷон, ҳама чизи овардаам ба духтарат насиб кунад, мо аз шумо як тин ҳам гирифтанӣ нестем…. Модарам даруни хона мегиристу ман пушти тиреза, намедонистам ба ин гардиши қисмат чӣ гуна назар кунам, охир ҳама умеди ман барбод рафта буд…
Тӯй барпо шуд, вале…
Волидони Олим хайрухуш карда рафтанӣ буданд, ҳамин вақт таѓои падарам, ки марди мансабдору баобрӯе буду аз Душанбе ба тӯйи ман омада буд, гуфт:
- Ҷиян, писари ман ҳам донишгоҳи Маскавро хатм карда, дар яке аз корхонаҳои бонуфузи пойтахт кор мекунад. Агар розӣ бошед, худи пагоҳ ҳама чизи сарфнамудаи ин мардумро дода, Сайёраро келин карда, ба хонаам мебарам!- Падари бечораам чӣ гуфтанашро намедонист, вале ман розӣ будам, ки маро бурда ба чоҳи сиёҳе андозанду дигар рӯи мардуми деҳаро набинам. Охир, шармандагӣ аз ин зиёд мешавад, ки домод дар рӯзи тӯяш наояд?! Ду рӯз пас аз ин воқеа, маро тӯй карда, ба пойтахт бурданд. Писари хешамон Давлат садҳо маротиба зеботар аз Олимҷони дар сурат дидаам буд. Хушдоманам, ки ду писар дошт, маро мисли фарзандаш дӯст медошту баробарам корҳои хонаро мекард ва бо як меҳрубонии хос раҳу рамузи шаҳрро ба ман меомӯзонд. Давлат низ бо ман ниҳоят меҳрубон буд, ҳеҷ гоҳ саргузашти талхамро ба ёдам намеовард, вале гоҳ-гоҳе шӯхӣ мекард, ки ҳамон домоди гурезаро ёфта, як ҷома пӯшонидан лозим, агар ӯ намегурехт, ту насиби ман намешудӣ! Зиндагии чун асал ширини маро як чиз халалдор мекард, аз тӯямон панҷ сол гузашта бошад ҳам, мо фарзанддор намешудем. Хусурам моро ба тамоми духтурони номдори кишвар нишон дод, ҳама бо як овоз мегуфтанд, ки агар ҷудо шавед, соҳиби фарзанд мешавед, агар не… Додари шавҳарамро зан додему арӯс ду моҳ нагузашта ҳомиладор шуд, Давлат инро шунида, бо хурсандӣ гуфт:
-Сайёр, ҳеҷ гап не, аз додарам хоҳиш мекунем як писарашро ба мо диҳад, мисли фарзанди худамон калон мекунем. Аммо келин дар панҷ сол чор писар таваллуд карда бошад ҳам, ба ин таклифи шавҳарам розӣ нашуд. Ӯ ба ман шунавонида мегуфт:
-Фарзанд бачаи саг ё пишак нест, ки ба ягон кас тӯҳфааш кунӣ!- Баъди даҳ соли зиндагии ширини оилавӣ ману Давлат бо дили бирёну чашми гирён аз ҳам ҷудо шудем, Давлат аз никоҳи дуввум соҳиби фарзанд шуд, аммо ман…
Панҷшӯя
Падарам маро ба муллои занмурдаи пире дод ва таъкид кард, ки фарзандони ӯро мисли фарзанд дониста, калон кунам. Ман ҳамин тавр низ кардам, вале баъди марги шавҳарам писарони ӯ маро аз хонаашон ронданд. Ман рӯзгори чор писари ӯро ҷудо карда, бо падари пираш дар як порчаяки хурди замин ду хонача доштам, вале онҳо ҳамин ду хоначаро низ аз ман кашида гирифтанд, фикри меҳнату машаққати маро накарданд. Гӯё мани сарқоқ барои волидонам сарборӣ будам, ки боз маро ба шавҳар доданд. Шавҳари сеюмам марди бемори аз худам чил сол калон, чорумӣ як занҷаллоб, панҷумӣ мӯйсафеди ҷоҳиле, ки ҳатто фарзандонаш аз вай безор буданд…. ҳамин тавр то чилсолагӣ панҷ шавҳар кардаму хизмати мардони гуногунро ба ҷо овардам, падару модарам аз дунё гузаштанду бародарони калониям хонаҳояшонро ҷудо карда рафтанд. Дар хона додари кенҷагиям ҳамроҳи зану фарзандонаш монд, хостгорони ман канда набуданд, зеро боз барои мӯйсафеди маъюбе нигаҳбон даркор буд-ку! Аммо Худованд ҳамеша нигаҳбони додарам бошад, ки маро наздаш шинонида гуфт:
-Апаҷон, наход Худованд туро барои нигоҳубини мардони бегона офарида бошад? Охир мӯйсафеди ҳаштодсола чӣ гуна шавҳар буда метавонад? Биё хубтараш дар поёни хонаам бароят хонаи алоҳида месозаму бо дили худат зиндагӣ карда гард, зану фарзандони ман дар хизматат! Ман ба ҷон розӣ шудам, додарам бароям ду хонаи зебою барҳаво, ҳаммому ошхона сохта дод. Шояд ѓамхорияш нисбати мани бефарзанд буд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба зинаҳои баланди мансаб баромад ва дар маркази вилояту пойтахт хонаву дар дорад. Имрӯз ман дар пойтахт ҳамроҳи писару духтари додарам, ки донишҷӯ ҳастанд, зиндагӣ мекунам. Ҳарчанд додарам ба ин қатъиян зид аст, вале ман дӯзандагӣ мекунаму нони худро ҳалол карда мехӯрам. Агар маслиҳати додари дилсӯзам намебуд, имрӯз ман шояд чанд шавҳари дигар мекардам… Баъзан ҳайрон мешавам, ки чаро хомӯш менишастаму ба падарам намегуфтам, ки чаро маро ба мӯйсафедони ҳамсину соли худат ба шавҳар медиҳӣ?! Боз меандешам, ки тақдирро тадбир нест….
Сайёра
Таснифи Нисо