Formula novemver 2024
Зани ҳомила аз намоз озод аст?
17.02.2022
Оила
2305

Маняк зани 28 солаи тоҷик мехоҳам дар якмасъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам. Зани таҳсилкарда ва соҳиби маълумоти олӣ бошам ҳам, то ба имрӯз ман ҳеҷ гоҳ намозу рӯзаро тарк накардаам, аммо айни замн ҳомиладор ҳастаму хаму рост шудан бароям душворӣ мекунад, махсусан ба саҷда рафтан бароям хеле сахт аст. азбаски худам дер ба шавҳар баромадам ва ин фарзанди нахустинам аст, метарсам, ки вақти саҷда кардан ба тифли батнам ягон зарар нарасад. Медонам, ки занҳои ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта аз гирифтани рӯзаи моҳи шарифи рамазон озоданд, вале дар масъалаи намоз ягон сабукӣ дода шудааст ё не, намедонам. Аз ҳамин хотир пурсиданиям, ки агар то таваллуд шудани фарзандам намозхониро мавқуф гузорам, гунаҳкор намешавам?
Фазилат, ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамлиддини Хомӯш
Хоҳари азиз, дар ҳақиқат занҳои ҳомила ва тифли ширмак дошта аз гирифтани рӯзаи моҳи шарифи рамазон озод карда мешаванд, вале баъдан бояд рӯзаи қазоӣ доранд. Дар масъалаи намоз бошад, чунин гузашт вуҷуд надорад. Одами мусалмон бояд то дами марг дар фикри Офаридгор бошад ва саҷдаву ибодати парвардигорро тарк насозад. Албатта “қудрат ба тавоноӣ” гуфтаанд, агар саҷда рафтан бароятон мушкил бошад, метавонед бо ишораи сар, яъне сарро каме пасттар карда, бо ишорат саҷда кунед ва намозатонро идома диҳед. Худованд ибодатро мувофиқи қувват ва тавоноии ҳар як бандааш фармудааст. Ҳар як инсон, аз ҷумла занҳои ҳомила низ бояд ба қадри тавоноии худ Худоро парастиш намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД