Зан баъд аз таваллуди фарзанд то чанд муддат бояд намоз нахонад? Зеро бархе мегӯянд, 3 рӯз, бархе як ҳафта ва ҳатто 40 рӯз мегӯянд гурӯҳе. Кадоме дуруст аст?
МАНЗУРА, ш. Душанбе
Посух:
- Зан пас аз таваллуди фарзанди нахустин то чил рўз дар ҳолати нифос қарор мегирад, аз ин рў, дар ин муддат бояд аз намоз гузоридан худдорӣ кунад. Пас аз таваллуди фарзанди дуюму сеюм зан дар нифос одати муайян пайдо мекунад, масалан, бист ё сӣ рӯз ё сию панҷ рўз нифос мебинаду бас. Дар ин ҳолат шарт нест, ки то чил рўз мунтазир шавад, балки пас аз тамом шудани рӯзҳои одаташ дар нифос бояд ғусл карда, намоз гузорад.