arzon replenishment
Зани маъюбе, ки ба садҳо одамон кумак мерасонад
849
Зани маъюбе, ки ба садҳо одамон кумак мерасонад

Санавбар аз модар маъюб ба дунё омадааст, вале худованд ӯро аз як пой маҳрум гардонида бошад ҳам, ин зани қавиирода ба тақдир таслим нашуда, як умр талош менамояд ва барои расидан ба қуллаи орзуҳои худ мубориза мебарад. Самари ҳамин талошҳост, ки дар зиндагӣ ба комёбиҳои бузурге ноил шуда, такягоҳи садҳо одамон гаштааст.

Санавбар Раупова муассиси ташкилоти ҷамъиятии “Нерубахш” буда, бо кӯдакони маъюб кор мекунад. Ин зани дилсӯз ба модароне, ки фарзанди маъюб доранд, дар табобат ва тавонмандсозии кӯдаконашон ёрӣ расонида, ҳамзамон дар ҳалли мушкилоти равонӣ ва ҳуқуқии онҳо дасти мадад дароз менамояд, то рӯҳафтода ва аз зиндагӣ дилсард нагашта, барои ҳаёти хушбахтона талош намоянд.

Дар баробари кор бо маъюбон Санавбар ҳамчунин бо соҳибкорӣ машғул шуда, коргоҳи ширинипазӣ кушодааст ва дар ин ҷода низ хеле муваффақ мебошад.

Қаҳрамони мо модари ду фарзанди дӯстрӯ буда, ҳаёти ширин ба сар мебарад. Дар барномаи навбатии “Занҳои асри нав” Санавбар Раупова сарнавишти худро нақл карда, достони ишқу муҳаббаташро бо шавқ қисса мекунад ва ба занону духтарони тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД