Formula novemver 2024
Зани хусурам хонаамонро соҳиб шуд
22.08.2022
ОИЛА
1819


Ман Оиша, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Ду сол қабл ба шавҳар баромада, соҳиби як писарча шудам. Шавҳарам баъди 6 моҳи тӯямон ба Русия рафта буду то ҳол барнагаштааст. Азбаски хушдоманам чанд сол қабл вафот карда будааст, хусурам зани ҷавон гирифта, аз ӯ соҳиби як писар шудааст.

Баъди он ки шавҳарам ба Русия рафт, муносибати зани хусурам бо ман хуб набуд ва ман бо тифлакам ба хонаи волидонам рафтам. Шавҳарам қабл аз рафтанаш ваъда карда буд, ки ману писарамро низ ҳамроҳаш ба Русия мебарад, вале ҳоло аз фикраш гаштааст.

Чанд бор ба шавҳарам гуфтам, ки мо бояд дар фикри харидорӣ кардани хонаи худамон шавем, вале ӯ гапамро ҳатто шунидан намехоҳад. Азбаски писари кенҷаи волидонаш аст, барои азнавсозӣ ва таъмири хонаву дар пулу меҳнати зиёд сарф кардаасту онро тарк кардан намехоҳад. Мегӯяд, ки хона ҳаққи ӯ аст ва Худо хоҳад, дар оянда барои додари ӯгаяш харидорӣ намудани хона кумак мерасонад.

Боре шавҳарам занг зада, ҷанҷол кард, ки ба хонаашон баргардам, вале аз рафтанам ба он ҷо пушаймон шудам. Зани хусурам маро ба косаву табақ наздик шудан намонда, соҳиби мутлақи хона буданашро нишон доданӣ шуда, гуфт, ки ҳомиладор асту боз писар таваллуд мекунад. ростӣ, хеле ғамгин шудаам, намедонам ояндаи мо чӣ мешуда бошад. Зани хусурам хонаамонро соҳиб шавад, ба куҷо меравем?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД