arzon replenishment
Зани қишлоқиам шаҳрӣ шуду аз худ рафт
30.10.2022
ОИЛА
1813


Ман аз як деҳаи дурдасти ҷумҳурӣ ҳастам. Се сол қабл бо хоҳиши волидон оила барпо намуда, соҳиби як фарзанд шудам. Азбаски дар шаҳр кору фаъолият мекунам, занам дар деҳа ҳамроҳи волидонам буду худам танҳо рӯзҳои истироҳат ба наздаш хабаргирӣ мерафтам.

Як соли охир занам ба ҷону ҳолам намонда, тавалло менамуд, ки ӯро ҳамроҳам ба шаҳр биёрам. Волидонам аз ин тасмими ман розӣ набуданд, вале ба гапи занам даромада, оилаамро ба Душанбе, ба хонаи иҷора овардам. Баробари ба шаҳр омадан, зани қишлоқии ман тамоман тағйир ёфт. Бо занҳои ҳамсоя дугона шуда, пояшро ба пои баъзе бойзанакҳо дароз карда, ҳар бегоҳ ин биёреду вай биёред гуфта, ҷонамро ба лаб расонидааст. Ҳар бегоҳ маҷбур мекунад, ки ӯро ба маркази шаҳр тамошо ва ба ягон тарабхона ё ошхонаҳои туркӣ хӯрокхӯрӣ барам. Ман маоши калон намегирам, пули иҷораро ҳар моҳ базӯр пардохт мекунам. Вале зани беақлам ин мушкилиҳои маро фаҳмидан намехоҳад. Аллакай аз ҷои кор ҳам қарздор шудаам ва агар ҳамин тавр давом кардан гирад, сарҳисоби корамро гум мекунам.

Ҳар боре, ки занамро ба деҳа бурданӣ шавам, хонаро ба сараш бардошта, моҷаро мекунад, ки ҳамроҳи ман дар шаҳр меистад. Хонандаи азиз, маслиҳат диҳед, бо зани қишлоқии шаҳришудаам чӣ кор кунам?
М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД