Sebiston new 2024 october
Зани девона мешаваму зани ту не!
1306

Шаҳбоз бо фиребу найрангҳои кардаат то чӣ андоза хурсанд шудагистӣ! Аҳсан ба ту барин мард. Сӯзонда гузаштанат бас набуд ки боз дар деҳа овоза кардаӣ, ки номусамро доғдор намудӣ.

Бо ин тӯҳмати кардаат аз Худо наметарсӣ? Ба мардуми деҳ имрӯз ман фаҳмонида наметавонам, ки гуноҳе надорам. Номарди бехудо маро дар назди ҳама сархам кардӣ, акнун ба мақсади нопоки худ расидӣ, пас бимон осуда бошам. Барои чӣ боз ба назди кӯчаи мо меоӣ? Ин қадар фосиқиву ноҷавонмардиат бас набуд, ки боз бо зангҳои телефоният ба асабам нохун мезанӣ. Агар Худо кунаду яроқе ба дастам афтад, онро ба пешоният гузошта, се-чор тир тақдимат мекунам. Ноҷавонмардии туро дида, на аз мурдан метарсаму на аз зиндонӣ шудан. Писари дорои деҳаам гуфта, аз худ марав! Агар ту сад шоҳзода ҳам бошӣ, дар назди ман қимате надорӣ… Бо девонае ҳамхона мешаваму бо ту не! Барои сабук шудани дилат овоза кардан гир! Дар назди рафиқонат шарманда карда будам, ин ба ту дарс нашуд, ки боз дар паси ман гап мебофӣ. Ноҷавонмардии ту чашми маро дар ҳаёт кушод. Фаҳмидам, ки аз ту одамгарӣ намебарояд! Ҳаволаи туро ба Худои муттаол месупорам, аблаҳ!
Хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД