ИДОМААШ...
Сирри фошгашта
Дар ҳақиқат хушдоманам рӯзашро бо талбандагӣ мегузарондааст. Пас аз як ҳафтаи тӯй кампир «ба бозор меравам» гӯён, баромада рафту бегоҳ бо сеткаҳои пур ба хона баргашт. Пай бурдам ки ӯ боз ҳамон касби пештараашро идома дода истодааст. «Холаҷон, шумо дигар танҳо нестед. Падару модарам ва ман намемонем, ки хору зор ва ба нони талбандагӣ зор шавед. Иншооллоҳ, мову шуморо рӯзҳои нек дар пеш аст. Дигар даст ба талбандагӣ назанед». Холаи Садафмоҳ аз ҳамон рӯз ин суханонро ба гӯш гирифта дигар ба кӯча талбандагӣ набаромад.
Келини хушпою қадам
Падарам Санҷарро дар ҷои кори сердаромаде ба кор монд. Шавҳарам аз аввали маошаш ба модараш сару либоси қиматбаҳо хари. Зиндагии қашшоқонаи оилаи хушдоманам рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии падарам Санҷар хонаҳои куҳнаи аз бобою бибиаш меросмондаро чаппа карда, хонаи замонавӣ бунёд намуд.
Ман дугоник таваллуд кардам, Тоҳиру Зуҳро. Акнун ин оилаи камбағал шоҳона зиндагӣ мекарданд ва ҳамсояҳо ба зиндагии мо ҳасад мебурданд.
Рӯзи сиёҳи келини вазир
Саломатии модарам хуб буд, аммо баъди ба шавҳар додани хоҳарам Райҳона бемориаш аз нав авҷ гирифт. Падарам Райҳонаро ба писари як дӯсти вазираш хонадор карду дар гирдоби ғам ғарқ шуд. Хушдомани хоҳарам бисёр зани золим, шавҳараш ҷавони бадқавоқ, хоҳаршӯйҳояш бошанд, аҷузаҳои ҳақиқӣ буданд. Райҳона чандин маротиба қаҳр карда ба хонаи волидонам омад, вале ҳар дафъа падарам ӯро насиҳат карда, боз бурда ба хонааш мемонд. Ранҷу шиканҷаи дар хонаи пурғурбати вазир мекашидааш оқибат хоҳарамро аз по афтонд. Райҳона бемор шуду падарам ӯро ба хона оварда баъди чандин моҳи табобат кардан дигар нагузошт, ки ба хонааш равад.
Арӯси худӣ
Падару модарам аз бахти шикастаи духтарашон дарун-дарун месӯхтанду пушаймон буданд, ки чаро Райҳонаро ба писари бой доданд. Хушдоманам ин ҳолатро пай бурда бо Санҷар маслиҳат карда Райҳонаро ба писари дуюмаш хостгорӣ намуд.
Райҳона зани шавҳардида бошад, ҳам додаршӯям Фотеҳ барои ҳурмати падарам розӣ шуд, ки ӯро ба занӣ бигирад. Волидонам хостгориро қабул карданд ва маъракаи калон ороста сари онҳоро ҷуфт намуданд. Акнун апаю хоҳар келини як хонадон будем. Як оилаи хушбахт, вале…
Марги модар
Як субҳи содиқ ҳанӯз аз бистари хобам нахеста телефонам садо дод. Рақамҳои телефони падарамро дида ҳайрон шудам. Гӯширо бардошта пурсидам: «Тинҷӣ аст, падарҷон?» Падарам бо овози ларзон «аҳволи модарат хуб нест, зуд ҳамроҳи хоҳарат ба хона биёед» гуфту гиря гулӯгираш кард. Эҳсос намудам, ки ҳодисаи нохуше рӯй додааст. Зуд ҳамроҳи Санҷару Райҳона ба хонаи падарам рафтем. Дар рӯи ҳавлӣ ҳамсояҳо гаштугузор доштанд. Додарам Ромизро бо тоқию ҷома дидаму ҷон гӯё аз дасту пойҳоям баромад. Дигар мадори роҳ гаштан надоштам. «Модарамро аз даст додем, апаҷон» гӯён, Ромиз зор-зор гириста худро ба оғӯшам партофт. Фиғони ману Райҳона бо шунидани ин хабари шум ба фалак печид. Он рӯз модари нозанинамро бо гиряву фиғон, рӯю мӯйканон ба хок супоридему хонаҳои баландошёнаи падарам якбора холӣ шуда монданд. Ҳавлӣ гӯё дар сарам чарх мезад, вале тақдирро тадбир карда намешавад. Модари нозанинамон дар зери хоки сард хуфта бошад ҳам, мо, ҷигарбандонаш маҷбур будем, ки зиндагиро идома диҳем, чунки сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад.
Моиндар
Пас аз сари соли модарамро додан як шаб маслиҳат кардем, ки падарамонро бояд хонадор кунем. Райҳона ин гапро шунида ҷанҷол бардошт, ки касеро дар ҷои модарам дидан намехоҳам, вале ман, ки духтари калонӣ будаму зиндагиро хуб дарк мекардам, «барои мард бе зан мушкил аст» гуфта пас аз чанд рӯзи баҳсу мунозираҳо ӯро розӣ кардам. Ниҳоят бо маслиҳати мо духтаронаш падарам дубора хонадор шуда ба хона зани ҷавонеро овард, ки нозу нузаш ғаши касро меовард. Аз рӯзи нахустини ба хонаи мо омаданаш ситораи ин зан ба додару хоҳарам писанд наомад. «Оқибаташ ба хайр бошад» мегуфтам худ ба худ, зеро падарамро ман ба зангирӣ ташвиқ намуда, боиси ба хонаамон роҳ ёфтани ин бевазани шаттоҳ гашта будам. Моиндарам танҳо ба орою торо додани худаш овора буд ва рӯзи дароз дасташро ба оби хунук намезад. Бечора падарам ба тақдираш тан дода худаш хӯрок мепухту либос мешуст. «Аз чашмони моиндарам маълум, ки ин зани маккора ошиқбоз аст»,- мегуфт додарам, вале мо ба гапаш аҳамият намедодем.
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21:00 ИНТИЗОР ШАВЕД!