Formula novemver 2024
ЗАНИ БАД ДАР САРОИ МАРДИ НАКӮ…(ҚИСМИ 3)
4550


ИДОМААШ...

Буққабоз

Падарам ҳамроҳи дӯстонаш ба осоишгоҳ дамгирӣ рафту Ромиз дар ҳуҷраи алоҳидаи худ мехӯрду хоб мерафт. Он шаб хоби Ромиз набурда аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегаштааст. Додаракам симои зебои модарамро пеши назар оварда ашк мерехтааст, ки ногоҳ ба гӯшаш садои сигнали мошин мерасад. Ромиз бо гумони он ки падарам аз истироҳатгоҳ баргаштааст, оҳиста аз хонаи худ баромада дари ҳуҷраи хоби падарамро мекушояд. Чашмаш ба моиндарам, ки дар оғӯши марди шикамкалоне нишаста бо нозу карашма сухан мегуфт, афтида ҳуш аз сари додарам мепарад. Ромиз бо дидани ин манзара дар ҷояш шах шуда мемонад. Моиндари шаттоҳам чолокона аз ҷевон кордро ба ошиқаш медиҳаду он «ғул» ба гулӯи Ромиз теғро зер карда ӯро таҳдид мекунад, ки дар ин бора ба касе лаб кушояд, сарашро аз танаш ҷудо мекунанд. Пас аз ду рӯз боз ҳамон воқеа такрор мешавад. Ромиз дигар ба найрангҳои ҳароми моиндараш тоб наоварда ба падараш занг мезанад, ки худи ҳозир ба хона ояд. Падарам хавотир шуда фавран аз истироҳатгоҳ ба хона меояд. Ромиз оҳиста ба пешвози падарам баромада буду шуди ҳодисаро мегӯяд. Падарам ба милиса занг мезанад. Милитсионерҳо моиндарамро бо ошиқаш дастгир карда бо дастони баста шармандавор ба мошин савор карда мебаранд. Маълум шуд, ки занаки шаттоҳ аз шавҳари якумаш ҳанӯз ҷудо нашуда будааст. Шавҳараш дар Русия муҳоҷир будаасту моиндари макораам дар болои ӯ падари маро гирифтааст. Ин зани душавҳара ба ин ҳам қонеъ нашуда боз як буққаи дигар ёфтааст.

Зангурез

Баъди ин воқеа падарам дигар оиладор шудан нахост. «Занҳоро шинохта намешавад» гӯён вай аз баҳри хонадоршавӣ гузашта Ромизро оиладор намуд. Ба додарам аз деҳаи ҳамсоя аз оилаи як марди оддӣ духтари зебоеро келин кардем. Омадани келин хонаи ноободамонро дубора обод намуд. Мо духтарҳо шод будем, ки хонаи падарамон мисли пештара тозаю озода шудааст. Пас аз як сол Ромиз духтарчадор шуд. Акнун шодию нишотамон ҳадду канор надошт, вале…

«Туҳфа»-и зани шаттоҳ

Одамизод дар ин умри кӯтоҳи хеш чи воқеаҳоеро, ки аз сар намегузаронидааст. Рӯзе ҳамон зани маккора, яъне моиндарам ба кабинети падарам як тифли кӯчаки ширхораро оварда «маҳ, духтаратро худат калон кун» гӯён, баромада меравад. Падарам ноилоҷ тифлро гирифта ба хона овард. Додарам ҷанҷол бардошт, ки моиндари шаттоҳам кӯдаки ҳаромии аз ким-кӣ зоидаашро ба сари мо бор кардан мехоҳад. Кӯдак беист гиря мекард. Падарам аз келин хоҳиш кард, ки ба ӯ низ шир диҳад, зеро кӯдак гуноҳ надорад, вале Ромиз нагузошт, ки ҳамсараш духтарчаро маконад. Падару писар тифлро бурда аз муоинаи духтур гузарониданд. Маълум шуд, ки тифл дар ҳақиқат аз падарам будааст. Онҳо ночор кӯдакро ба хона оварданд. «Ҳайвон нест, ки ба кӯча партоем. Оҳи ин тифли бегуноҳ мегирад» гӯён, келин ду тифлро парвариш мекард. Падарам номи духтарчаашро Хайрӣ гузошт. Бо гузашти солҳо ҳарду духтарча баробар калон мешуданд. Хайрӣ дар зебогӣ духтари додарамро ба як нӯл мезад. Духтари ниҳоят хушрӯй, ончунон соҳибҷамол, ки мисли модараш бо чашмонаш дунёро оташ мезад.

Ҳанӯз аз синфи шашум касе пеши роҳи Хайриро гирифта наметавонист, на падарамро гӯш мекарду на аз Ромиз метарсад. Духтари Ромиз мудом бо сари хам ба корҳои модараш ёрӣ мерасонд, духтари падарам бошад, аз мактаб омада дасташро ба оби хунук намезад. Бо ҳар баҳона аз хона баромада соатҳо бедарак мешуд. Боре як поси шаб ба хона меояду Ромиз ӯро чунон лату кӯб мекунад, ки аз зинапояҳо афтида беҳуш мешавад. Падарам «мурда намонад» гӯён, духтари қайсарашро ба беморхона мебарад. Баъди чанде духтурон ба берун баромада аз падарам шодиёна мегиранд, ки духтаратон ҳомиладор аст. Падарам бо шунидани ин суханҳо девона шуда ба назди Хайрӣ медарояду ӯро дар ҳамон беморхона лату кӯб карда баромада меояд.

Дигар дар хонаи падарам барои Хайрӣ ҷой набуд. Ҳоло хоҳари ӯгайи бероҳаам дар куҷост, намедонам.

Воқеан ҳам ҳақ ба ҷониби бузургонамон аст, ки гуфтаанд: «Аз зани ғар-ғар бирӯяд дон, ки устодаш ғар аст!»

Хайрӣ, ки аз зани сабукпо таваллуд шуда буд, дар оилаи хуби серу пур ва ботарбия ба воя расида бошад ҳам, оқибат бо роҳи модараш рафта, падарамро бадному бе обрӯ кард.

 АНҶОМ!

Таҳияи Сурайё Рабиева, н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД