Formula novemver 2024
Зани ҷавони шавҳарам хонаамро сӯхт
1325


Ман як зани шикастабахт мехоҳам тақдири талхамро ба хонандагони сомонаи Оила. тч нақл кунам, то ки ба дигарон дарси ибрат гардад.

Дар сина дарде дорам, ки тамоми вуҷудамро месӯзад. Ин дарди ҷонгудоз дарди хиёнат аст. Хиёнати марде, ки умри ҷавонамро фидои хизматаш намудам. Шавҳарам дар пирӣ маст шуда, зани ҷавон гирифту аз хона баромада рафт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ду писари калониям дар рафтани падарашон маро гунаҳгор карда, ба захми дилам намак мепошанд.

“Дили дадаатон зани ҷавон хоста бошад, айби ман чист” гӯям, бешармона ба рӯям давида мегӯянд, ки “агар ту аз субҳ то шом дар кӯча ба майда-чайдафурӯшӣ машғул нашуда, шӯятро соҳибӣ мекардӣ, имрӯз мо бепадар намешудем”.

Хотири фарзандон ғурурамро пеши по зада, чанд бор ба шавҳарам занг задам ва зориву тавалло намудам, ки ба хона баргардад, вале мардаки беандешаам “нав аз шумоён халос шудам” гӯён, ҳеҷ сар нафаровард. Пули донишгоҳи писари хурдӣ ва қарзи духтарам надода аст, рӯзе нест, ки фарзандонам бо ман ҷанҷол карда, пул талаб накунанд.

Ба падарашон мегӯям, ки дар вазифаи баланд ҳастӣ, ақаллан пули мактаби бачаҳоятро деҳ, вале дашному доғу пӯписаи бисёре намуда, телефонро хомӯш мекунад. Сарҳисоби корамро гум кардаам, намедонам сарамро ба куҷо занам.

Бо умед ба “Оила” муроҷиат карда истодаам, ки шояд хонандагони рӯзгордидаи ҳафтанома ба мани дар миёни чорсӯи зиндагӣ дармонда ягон маслиҳати судманд медиҳанд.
Саидаи шикастабахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД