Зани ҷавони падар балои ҷони фарзандон шуд
28.12.2025
СУҲРОБ
275

Саломи худро ба кулли хонандагон мерасонам. Мо чор бародар баъди марги қарзи фарзандии худро адо намуда, падарамро дубора хонадор крадем. Ростӣ чанд зани калонсоли ба падарам муносибро ёфтем, вале мӯйсафед зани ҷавон хосту мо ҳам ба хотири шод намудани падарам зани ҷавонеро, ки ҳамагӣ се моҳ бо шавҳар зиндагӣ крада, ҷудо шуда будааст, гирифта додем.

Хурсанд шудем, ки акнун падарам ҳам соҳиби зиндагии худ шуд, вале шодиямон дер давом накард, моиндари ҷавонамон бо келинҳои хона соз нагирифта, ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мекард. Билохира кор ба ҷое раисд, ки моиндарам ду пояшро ба як мӯза андохта, аз падарам талаб карда истодаатс, ки ҳавлиро ба номи ӯ гузаронем. Чанд бор барои хона қаҳр карда, ба хонаи модараш рафт. Падарам дар пирӣ сахт ошиқ шуда, ӯё ақлашро аз даст дода бошад, аз мо талаб карда истодааст, ки ҳавлиро ба номи занаш гузаронем, вагарна ҳамаамонро оқ мекардааст.

Мӯйсафеди синну солаш ба ҷое расида, таҳдид карда истодааст, ки агар розӣ нашавем, дар пеши чашми ҳамаамон ба сараш керосин рехта, худашро алов мезанад. Хеле ғамгинем, ки падари мо дар пирӣ чунин рафтори беақлона карда истодааст. Айб аст, ки аз рӯйи падар ба ҷое шикоят кунем, вале чораи дигар наёфта, маҷбур шудем ба шумо-хонандагони азиз дарди диламонро гуфта, маслиҳат бипурсем.

СУҲРОБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД