Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд занеро дар шаҳри Панҷакент дастгир намудаанд, ки барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад. Ин зан мувофиқи моддаи 200, банди 1–и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор шудааст.
Кормандони агентӣ аз ин шаҳрванд Турунбоева ном мебаранд ва ҳангоми кофтукоби аперативӣ аз ӯ 11 грамм маводи нашъадори навъи афюнро мусодира намудаанд. Дар ин бора Фаррух Зиёзода, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба журналистон иттилоъ дод.
Дар маҷмӯъ дар вилояти Суғд соли гузашта 6 ҳазору 50 ҷиноят вобаста ба ошкор ва бақайдгирии маводи мухаддир содир шуда, нисбат ба соли 2021 ин рақам 578 ҷиноят кам шудааст.
Аз гардиши ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 302 кг 183 грамм маводи нашъадор мусодира карда шудааст.