Басимо Тураеваи 122-сола соҳиби 7 фарзанд ва 230 набераву абераву чабера мебошад. Тибқи ҳуҷҷатҳо ин зан 6-уми майи соли 1904 дар деҳаи Чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, соли равон 122-сола мешавад.
Холаи Басимо гуфтааст, ки дар умраш ягон маротиба дору нахӯрдааст ва сирри дарозумриаш низ дар ҳамин аст. Агар ягон ҷояш дард кунад, аз гиёҳҳои шифобахш истифода мебарад.
Мирзоалӣ Гадоев, фарзанди Басимо Тураева зимни суҳбат бо журналистон қисса кардааст, ки вазъи саломатии модараш хуб аст, фақат каме хотирпарешон шудааст.
“Модарам дар иҳотаи фарзандону наберагон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Он кас аз саломатиашон шикояте надоранд, танҳо каме фаромӯшхотир шудаанд ва ҳиси шунавоияшон кам шудааст. Телевизор тамошо мекунанд, дар ҳавлӣ баромада каме мегарданд. Барои он ки зиқ нашаванд, гоҳ-гоҳ ба хонаи дигар фарзандону пайвайндон мебарем”,- гуфтааст Мирзоалӣ Гадоев.
Ба қавли фарзандонаш, ин зани 122-сола бештар хӯрокҳои сабук, аз ҷумла отала, ширчой, шӯрбо тановул мекунад ва хушкмеваҳоро дӯст медорад. Иштиҳояш хуб аст, вале ба хотири нигоҳ доштани саломатӣ парҳез мекунад. Ин зани табаррук то ҳол ба наберагонаш қиссаи зиндагиашро пора-пора нақл мекардааст.
“Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ду фарзанди авваламро аз даст додам. Давраи мушкил буд, гурустагиву ташнагӣ мекашидем. Кунҷораро фатир карда мехӯрдем. Фармон бароварда буданд, ки ҷӯробак бофида, ба ҳукумати Шуравӣ супорем. Ман наметавонистам, занҳое, ки метавонистанд, бо асбоби бофандагӣ мебофтанд”,- қисса кардааст кампири табаррук.