Ман Парвиз, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Синну солам ба 24 дакка мехӯрад, ҳоло оиладор нашудаам. Баъди хатми мактаб дар хориҷа таҳсил карда, ба Ватан баргаштаму шукри Худо кор карда истодаам.
Волидонам масъалаи зангириямро ба миён гузошта, ихтиёрро ба дасти худам додаанд. Вақте аз чанд нафар рафиқонам, ки аллакай оиладор шуда, хонавайрон шудаанд, дар бораи баъзе духтарон шунидам, аз зангирӣ тарсон шудаам. Ростӣ, намедонам духтари хубу зиндагиқапро аз куҷо пайдо намоям.
Дар кӯчаҳо духтаронро дида, аз наздик шудану шинос шудан ҳарос дорам. Метарсам, ки духтарон маро нодуруст фаҳмида, дарҳол ба навор мегиранду аз рӯям шикоят мекунанд. Ё мабодо духтареро писанд кунаму ӯ дӯстдошта дошта бошад, инро чӣ хел муайян кунам, намедонам. Аслан оилаи мо замонавӣ аст, ман ба тарзи либоспӯшиву ороиши рӯю мӯйи духтарон эрод надорам, зеро бештар духтарони замонавиро хуш дорам. Баъдан дар авлоди мо ягон мард 2-3 зан нагирифтааст, зеро мо чунин амалро нисбати зан ноҳурматӣ мешуморем. Хеле мехоҳам бо духтаре издивоҷ намоям, ки миёнамон ҳурмату эҳтиром ва муҳаббати якумра вуҷуд дошта бошад.
Мехоҳам сараввал 2-3 моҳ бо духтар шинос шуда, баъдан издивоҷ намоям, зеро зиндагӣ бозича нест, ки имрӯз бо яке пагоҳ бо дигаре бошӣ.
Умедворам Худованд маро ба орзуву умедҳоям мерасонад.