Фароғат Эгамбердиева бо квотаи президентӣ ба донишкадаи забонҳои шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм намудааст.
Ин зани мубориз бо азму иродаи қавӣ пастиву баландиҳои зиндагиро мардона пушти сар менамояд, ҳарчанд заҳри талхи қисматро фарвон чашидааст. Ӯ ду ҷигарбандашро ба танҳоӣ ба воя мерасонад, бар замми ин, масъулиятии тарбияи фарзандни мардум бар дӯшаш бор аст, вале бо ин ҳама шукрона мекунад, ки шикастҳои зиндагӣ рӯҳи қавиашро шикаста натавонистанд. Фароғат Эгамбердиева собиқи 12- солаи омӯзгорӣ дошта, айни ҳол директори муассисаи таҳсилоти миёнаи №1 ноҳияи Дӯстии вилоти Хатлон мебошад. Биёед, сарнавишти ин зани қавииродаро аз забони худаш бишнавем. Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст, "Оила" барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.