arzon replenishment
Зане, ки гурдаи тоҷик, ӯзбек ва дигар миллатҳоро мефурӯхт, ба чанг афтод
1694

Дар Полша як зани 35-соларо дастгир намудаанд, ки бо хариду фурӯши узвҳои инсон машғул будааст. Боздоштшуда зодаи Украина, узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будааст, ки бо хариду фурӯши узвҳои инсон машғул аст.

Ин зани ҷинояткор аз моҳи ноябри соли 2020 дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштааст ва билохира рӯзи 6-уми марти соли 2025 ӯро дар роҳи оҳани минтақаи марзии байни Украина ва Полша дастгир кардаанд.

Тавре расонаҳо дар такя ба Прокуратураи Полша навиштаанд, аз соли 2017 то 2019 боздоштшуда дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо харидуфурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон машғул будааст.

Гуфта мешавад, ки ин зани ҷинояткор асосон гурдаи шаҳрвандони Тайланд, Қазоқистон, Арманистон, Озорбойҷон, Қирғизистон, Украина, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро бо роҳи ғайриқонунӣ рабуда, дар бозори сиёҳ бо пули калон мефурӯхтааст.

Тибқи маълумоти мақомоти тафтишотии Полша, боздоштшуда бо ҳамин роҳ гурдаи 56 нафарро фурӯхтааст.

Ба навиштаи Reuters, гумонбар ба Қазоқистон интиқол дода мешавад, зеро суди Қазоқистон ин занро барои харидуфурӯши узвҳои дохилии инсон қаблан ба 12 соли зиндон маҳкум карда будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД