Arzon march 2024
Зане, ки фарзандонашро ба гадоӣ маҷбур мекард, бе кӯдак монд
1033

Зане, ки ду фарзанди ноболиғашро ба гадоӣ маҷбур мекардааст, аз дидори кӯдаконаш маҳрум гашт. Бо қарори суд фарзандонашро аз дасти ин модари бемасъулият гирифта, ба тарбияи давлат супурдаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар Душанбе, кӯдакон дар ҳоли фақру бенавоӣ умр ба сар мебурдаанд ва борҳо барои дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо гадоӣ машғул шудан ба идораи милитсия афтодаанд. Тавре худи кӯдакон иқрор шудаанд, онҳо на бо майлу иродаи худ, балки бо фармони модарашон гадоӣ мекардаанд.

Модари 27-солаашон, ки қаблан ду маротиба барои дуздӣ суд шуда, ҳаёти бетартибона ба сар мебурдааст, кӯдаконро ҳамчун як василаи ба даст овардани пули муфт ба кор бурда, ба гадоӣ ва талбандагӣ маҷбур мекардааст. Кӯдакон ҳар рӯз аз ҳисоби гадоӣ 300-400 сомонӣ ба даст меовардаанд ва модарашон ин маблағро барои харидани май, маводи нашъаовар ва айшу ишрат дар марказҳои дилхушӣ сарф мекардааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ин зан ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб дода шуда, бо қарорри суд кӯдаконро аз дасти модарашон гирифта, барои идома додани таҳсил ба мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе супурдаанд.

Раёсати ВКД ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар сурати бепарвоӣ дар тарбияи фарзанд волидон аз ҳуқуқҳояшон маҳрум карда шуда, кӯдакон ба тарбияи давлат супурда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД