Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар шаҳри Душанбе як зани тоҷикро боздошт намудаанд, ки 11 сол инҷониб дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор дошт. Дилрабохон Пирназарова дар қаллобӣ ба маблағи махсусан калон гумонбар дониста мешавад.
Дилрабохон Пирназарова 57 сол дошта, сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мебошад. Ин зан аз соли 2014 ҳамчун ҷинояткор дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки Пирназарова дар қаллобӣ ба маблағи калон гумонбар аст, вале тафсилоти дигар маълум нест.
Нисбати Дилрабохон Пирназарова бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар сурати исбот шудани айби нисбаташ эълоншуда ба Пирназарова ҷарима ба миқдори аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки тахминан 110 000 то 165 000 сомониро ташкил медиҳад ё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид менамояд.