Маъмулан дар рӯзи 23-феврал тамоми занону духтарон мардони дӯстдоштаи худро бо иди ҷасорату мардонагӣ табрик мекунанд, вале журналисти шинохтаи тоҷик Шаҳобиддини Ҳақназар ҳар сол дар рӯзи иди мардон барои занаш ягон тӯҳфаи қиматбаҳо мехарад.
Эҳтимол шумо гумон кунед, ки акаи Шаҳобиддин аз занаш метарсад ё ба хотири ҳазлу шӯхӣ ва “прикол” ба ҳамсари нозанинаш Лола Азизова дар 23-феврал тӯҳфа мехарад, вале дар асл ин тавр нест. Табрик накардани ин зани фариштарӯй бо 23-феврал гуноҳ аст, зеро Лола Азизова маҳз дар ана ҳамин санаи муборак, дар рӯзи иди мардон 23-феврал ба дунё омадааст. Бовар намекунед? Пас мутаваҷеҳ бошед!
-Лола Азизова, овозхони дастаи ҳунарии “Дарё “ 23- феврали соли 1963 дар деҳаи Зарафшони ноҳия Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст.
Пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхони Ҳофизи шаҳри Хуҷанд соли 1982 Лола ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1987 хатм мекунад. Солҳои 1982-1987 ин зани сар то ба по ҳунар овозхони дастаи бонувони рубонавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон, баъдан сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз соли 1989 Лола Азизва ба дастаи ҳунарии «Дарё» гузашта, дар рушду нумӯъи санъати мусиқии тоҷик нақши сазоворе гузоштааст.
Барои хизматҳои шоистааш 1987 Лола Азизова бо унвони Ҳунарпешаи шоиста Тоҷикистон ва соли 2009 бо унвони баланди Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон сазовор гаштааст.
Мо ин бонуи ҳунармандро бо ҷашни милод муборакбод гуфта, барояш саодату хушрӯзиҳои беназирро дар зиндагӣ таманно дорем.