arzon replenishment
ЗАНБОЗИИ ДОМОДАМ ДУХТАРАМРО МЕКУШАД!
08.11.2020
ОИЛА
4431

-Ин ҷо «Оила» аст?-Пурсид бо изтироб муштарие.

-Бале, холаҷон, чӣ дарду аламе, ки дошта бошед, бигӯед, мо шуморо гӯш мекунем.

-Барои чӣ дар ҳама мавзӯҳо менависеду дар бораи дузанагию сезанагии мардони сарватманд лаб намекушоед?

-Менависем, агар далели аниқ бошад.

-Гул барин духтарамро ба як бойбача додам. Касофат дар вақташ бо сад ваъдаю паймон духтарамро ба занӣ гирифту кисаҳояш, ки ғафс шуданд, дар болояш зани дуюм гирифт. Духтарам ин хабари шумро шунида, аз рашк қариб девона шудааст. Кораш шабу рӯз гиряву нола аст, худамро мекушам мегӯяд. Қонун дузанагиро дар Тоҷикистон манъ кардааст, вале гӯё ин қонун ба одамони сарватманд дахл надошта бошад, дилашон чанд зане, ки хоҳад, бе ибо гирифтан мегиранд. Бечора занак лаб кушояд, ҷавоби ин тоифаи мардҳо тайёр аст:

“Гуруснаӣ, ташнаӣ, чӣ камбудӣ дорӣ, ки шикоят мекунӣ? Либоси пеши бозорро мепӯшию гули чизро мехӯрӣ, ба зангирии ман чӣ кор дорӣ? Пулу мол дорам, зӯрам мерасад, чанд зане, ки хоҳам, мегирам…”

Домоди пулмасти худам ҳар рӯз ҳамин гапҳоро тӯтивор такрор карда, як алами духтари бечораамро сад алам мегардонад. Сахт азоби руҳӣ кашида истодааст духтарам. Аз чизе камбудӣ надошта бошад ҳам, алами дузанагии шавҳараш ӯро дарун ба дарун хӯрда тамом кардааст. Ранги рӯяш заъфарон барин зард шудааст, метарсам, ки аз ғаму алам ба саратон ё ягон касалии дигар гирифтор нашавад. Ҳарчанд мегӯям, ки духтарҷон, тоқат кун, ягон рӯз ақли шавҳарат ба сараш мезанад ва пушаймон шуда аз ту бахшиш мепурсад, дардаш таскин намеёбад. Ҳамсояамон ҳам марди дузана аст, хоҳад ба хонааш меояд, нахоҳад не.

Барои оимчааш ҳавлии дакаданг хариданашро шунида занаш қариб ҷиннӣ шуда буд. Бечора Малоҳати наосуда ҳар гоҳ ба хонаамон ояд, оҳи сард кашида мегӯяд, ки шавҳарам зани дуюмашро ба кадом як истироҳатгоҳ дамгирӣ бурдаасту ман дар ин ҷо бо бачаҳоям хуни ҷигар хӯрда бишинам?

Хонандагони азиз, домоди занҷаллобам дили духтарамро аз зиндагӣ хунук кардааст. Мегӯяд, аз чунин шавҳардорӣ бева будан беҳтар аст. Агар ҳозир гӯям, ки рост мегӯӣ, аз ҳамин мардаки дузана ба ту ягон фоида нест, беҳтараш ҷудо шав, парвозкунон ба идораи суд рафта барои бекор кардани ақди никоҳашон ариза менависад, вале хотири набераҳоям ман ӯро аз ин роҳ гардонида истодаам. Намехоҳам фарзандонаш аз падар зиндаҷудо шаванд, вале фикр мекунам, ки аз як ҷиҳат гапи духтарам ҳам ҳақ аст. Умри ҷавонаш бо роҳпоӣ ва гиряву нола гузарад, дар пирӣ аз бозгашти шавҳари занбозаш ба ӯ чӣ суд?! Илтимос, дар ҳалли ин муаммо бо маслиҳатҳои судманди худ ба духтари ман ёрӣ расонед!

Сарварой, ш. Душанбе.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД