arzon replenishment
Занбозӣ ба сари бародарам бало овард
5353

Салом ба кулли ҳамватанон!
Ман як ҷавони муҳоҷири тоҷик мехҳам сарнавишти талхи бародарамро ба шумо нақл кунам, то ба тамоми мардони тоҷик дарси ибрат гардад ва қадамашонро дар мулки ғарибӣ дониста монанд. Сафар ном дорам ва дар шаҳри Новосибирск кор мекунам. Ростӣ, пештар мо дар ин шаҳр оилавӣ кор мекардем, вале солҳои охир падарам “акнун ман пир шудам, худатон сарҳисоби коратонро ёбед” гуфта, дигар ба муҳоҷират намеояд. Зиндагии аҳли хонаводаро асосан ману бардарам пеш мебурдем, вале як одати бадаш ба сари акаам балои азим овард.
Бародарам ҷавонмарди оромтабиат ва соҳиби 4 фарзанд буд, вале ду одати бад дшт-шароб ва занҳои зеборо дӯст медошт. Бисёр менӯшид ва пули ёфтаашро сарфи духтарбозӣ мекард. Тӯли чанд соле, ки ҳардуямон дар Новосибирск кор мекардем, якто не, 5-6 зани русу тотору арманӣ гирифт, ғайр аз ин, боз чанд маъшуқаи узбеку қирғизу қазоқ ҳам дошт. Чанд бор маслиҳатомез гуфтам, ки акаҷон, чаро пули бо обилаи кафи даст кор кардаатонро сарфи ин занҳои бероҳа мекунед,м агар беҳтар нест, ки ҳамн пулҳро ҷамъ карда, зиндагиатонро дар ватан обод созед, вале акаам ба ғазаб омада дод мезад, ки ту тиррончак ба ман чи кор дорӣ, пули худам, дилам чи коре хоҳад,к ардан мегирам. Бародарам мудом худро сафед карда, мегуфт, ки одам дар ин дунё ғаниат аст ва бояд табъи дил кайфу сафо кунад, то ки баъдипир шуданаш пушаймон нашавад...
Хулласи калом, бо ҳамин минвол чанд сол гузашт ва ман аз хунукии мулки рус бемор шуда ба Ватан баргаштам. Бародарам дар Русия монд, вале баъди оне, ки ман ба хона баргаштам, дигар ягон тин пул равон намекард. Азбаски дигар ягон манбаи даромад надоштем, кашидани арбаи зиндагӣ торафт душвортар мешуд, аз ҳаимн хотир чанд маротиба падарам ба бародарам занг зада, талаб кард, ки ақаллан фикри шиками 4 фарзанди худашро карда, пул фиристад. Бардарам дар телефон дод мегуфт, ки пул набошад, чиро равон кунад, амм баъдтар фаҳмидем, ки вай боз як зани таннози дигарро ёфтаасту бо кайфу сафои худ машғул аст. Янгаам ба ғазаб омада, ба шавҳараш занг зад. Қасд кардагӣ барин, ҳамон вақт бародарам дар ҳамом будааст, телефонро зани наваш бардошт ва ду занак хуб ҷангу ҷанҷол шуданд. Намедонам зани наваш ба акаам чиҳо гуфт, ки тариқи телефон ҳамсари қонуниашро дашномҳои зиёде дода, се талоқаш кард ва бо ғазаб телефонро хомӯш намуд. Дигар ҳарчанд занг задем, гӯширо набардошт. Янгаам гирёну нолон чаҳор фарзандашро гирифта ба хонаи падару модараш рафт. Волидонам барои ин кораш аз бардарам сахт ранҷида дигар ӯро суроғ накарданд, худаш ҳам дигар занг назад. Ҳамин тавр аз байн чанд моҳ гузашт ва рӯзе хабар расид, ки бародарамро дар Русия куштаанд. Мдарам зор-зор нола мекард, аммо тақдири талхро дигар тадбир набуд. Пас аз ду-се рӯзи дигар тобути акаамро аз Русия оварданд ва бо бо чашмони акшбор ҷисми бе ҷони ӯро ба хок супурдем.
Азбаски дигар ягон ноновар набуд, маҷбур шудам, ки миёнамро маҳкам баста, баъди гузаронидани маъракаҳои мотамӣ боз роҳи Русияро пеш бигирам.
Ростӣ, танҳо баъди ба ин ҷо омадан ман фаҳмидам, ки бародарам зани навашро бо марди дигар доштаасту байнашон ҷангу ҷанҷол бархоста, ҳамон ошиқи занаш ӯро кордборон карда куштааст.
Мурдаро бадгӯӣ кардан хуб нест, вале ман ба он хотир саргузашти талх ва бисёр дардноки бародари ҷавонмаргамро нақл кардам, ки дигар ҷавонмардони тоҷик дар мулки бегона эҳтиёткор бошанд ва қадамашнро дониста монанд. Бародари ғуррамарги ман, агар ёфту тофташро ба маю шароб ва занҳои бероҳа сарф карда, бо дасти худаш оилаи ободашро вайрон намекард, шояд ҳоло дар болои сари фарзандонаш зиндаву саломат мебуд ва аз шириниҳои ҳаёт лаззат мебурд, вале афсӯс, ки ишқи як зани бевафою тардомани бегонанажод ба сари бародарам бало оварда, риштаи умри ҷавони ӯро бурид.
Мардҳои тоҷик, бародарони азиз, ҳаргиз ба умеди занҳои миллати дигар шуда ба оилаи хуб хиёнат накунед, чунки дар дунё ҳеҷ зане мисли зани тоҷик бовафо ва пурсабру тоқат нест!
Сафар, муҳоҷир аз Новосибирск

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД