Formula novemver 2024
Занамро бо фармони акаам талоқ диҳам?
04.01.2025
ОИЛА.ТҶ
1739

Бародарам панҷ вақт намоз мехонад, вале ҳамеша ба ман мегӯяд, ки занатро сар деҳ, ба ман писанд нест. Оё ислом ба ин чиз иҷозат медиҳад?

РАСУЛ, хонанда

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Ҳамсар рафиқи ҳаётии инсон аст. Бародари шавҳар бо келин ягон муносибат, наздикӣ ва ҳатто хешу таборӣ ҳам надорад. Аз нигоҳи шаръӣ онҳо ба ҳамдигар никоҳрас ҳисоб мешаванд. Муҳим он аст, ки ҳамсаратон ба худи шумо писанд бошад. Хонаву дарро тозаву озода нигоҳ дорад, фарзандонатонро хуб тарбият намояд, парҳезгор ва покдоман бошад, эҳтироматонро ба ҷо биёрад, набояд ба гапи бародаратон дода шуда, чунин занро талоқ диҳед. Хешу табор ва бародарони шавҳар ҳаққи дахолат намуданро ба зиндагии хонаводагии зану шавҳар надоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД