Вақте волидайнам марои оиладор карданӣ шуданд, қарор додам духтареро аз ягон хонаводаи камбағал интихоб кунам, то ки бо буду шуди хона қаноат карда, тамаъ надошта бошад. Барои ҳамин, духтари 21-солаеро пайдо кардам бо номи Рухсор.
Оилаи онҳо хеле камбизоат буд. Падараш ниҳолпарвар ва як одами содда буд. Духтар ҳам чеҳраи чандон зебо надошт, аммо ман ба хотири қарору интихобам беҳад хурсанд будам, зеро ӯ воқеан зани зиндагихоҳ буд. Вақте маош мегирифтаму мегуфтам, ки имшаб ба тарабхона равем, муқобил баромада, мегуфт:
–Не, чаро пул харҷ кунем? Худам дар хона тарабхона ташкил мекунам, - ва тамоми таомҳоро пухта, сари дастархон меовард.
Вақте ният мекардам, ки барояш либос харам, боз ҳам зид баромада, мегуфт:
-Шахсияти одам дар либос нест. Бе ҳамин ҳам, аз чизе камбудӣ надорам.
Ҳамин тавр, барояш ба зӯр як ҷуфт ҷӯроби зебо харидам. Аммо, ду моҳ аз байн гузашту ҳамсарам ҷӯроби навро напӯшид. Ранҷидам, ки шояд маъқулаш нашуд. Ба ин хотир, як рӯз гуфтам:
–Азизам, чаро ҷӯроби навхаридаамро намепӯшӣ?
Бо сари хам ва хиҷолат ҷавоб дод:
–Охир, ин ҷӯробҳоро бо пойафзоли кӯҳнаам пӯшида намешавад. Пойпӯш танг аст.
Аз ин кори кардаам сахт зиқ шудам ва якҷоя ба мағоза рафтему барояш туфлиҳои нав харидам. Пагоҳаш, субҳ барвақт омода шудаму бояд ба тӯйи холаам мерафтем. Вақти аз дар баромадан дидам, ки боз ҳамон туфливу ҷӯроби кӯҳнаашро пӯшидааст. Чун сабабашро пурсидам, ҷавоб дод:
-Либосҳоям кӯҳнаанд ва бо пойафзолу ҷӯроби нав мувофиқ нестанд.
Худи ҳамон рӯз аввал ба бозор рафтему барояш чанд навъ либос гирифтам, аммо чун ба хона омадем, боз ҳам ҳамсарам либосҳои навашро напӯшид. Аз ин рафтораш асабӣ шудам, зеро бо ин нозу нузаш ба тӯй дер мемондем, аммо ӯ исрор мекард, ки ин либосҳоро бо дастархони кӯҳна пӯшида намешавад.
Давида, ба мағозаи поёни хона рафтаму дуто дастархони хуб харидам. Боз ҳам эътироз идома дошт. Баҳонаи навбатиш рӯймол шуд. Боз ба мағоза шитофтаму ду рӯймол ҳам харидам. Фикр кардам, ки баҳонаҳояш тамом шуданд. Аммо, занак боз сабаби дигар ёфт барои напӯшидани либос.
-Ороиши рӯю мӯйҳоям бо либосҳои нав намезебанд.
3 соати интзорӣ
Ночор ба кошонаи ҳусн рафтем. Пушти дараш 3 соат интизор шудам, то ки занам ороишоташро тамом кунад. Ниҳоят ӯ баромад, вале аллакай дер шуда буд. Тӯй дар ноҳияи Фархор мегузашт ва аз пойтахт ба он ҷо тақрибан 2,5 соат роҳ буд. Бисёр асабӣ шудам аз ин рафтораш ва таҳдидкунон то назди таксиҳо рафтем.
Ноомади кор
Қариб тамоми пулам сарф шуда буду ронандаҳои беинсоф ҳам нархро 30 сомонӣ гуфта, арзон кардан намехостанд. Дар ҷайбам ҳамагӣ 80 сомонии дигар монда буд. Хулоса, як илоҷ карда, ронандаи мӯйсафедеро розӣ кардему ба ивази 40 сомонӣ ба тӯйхона рафтем.
Базм осмонкаф буду ҳамсояҳо ва ҷӯраҳои ҷиянам масту аласт мерақсиданд. Ин замон зани ман ҳам ба саҳна баромада, худро чунон ҷунбонду ларзонд, ки рости гап, даҳонам воз монд. Ҷавонҳо ӯро раққоса гумон карда, гирдаш чарх мезаданду “ҳай бале” мегуфтанд. Рухсори ман аз ин бештар илҳом гирифта, арғушт мерафт.
Хешу табор ҳама ба ман менигаристанд. Номуси мардиам боло гирифту рафта, ӯро аз байни саҳна баровардам ва кашон – кашон ба хона даровардам. Занам талоши дигарбора ба майдон рафтан мекард. Кашидаву кушода як шаппотӣ ба рӯяш фаровардам ва ӯро бо хоҳарам дар хона монда, худам боз ба ҳавлӣ баргаштам.
Баъди тӯй
Минбаъд гапу калочаи авлод оғоз шуду мавзӯи матраҳи тамоми нишастҳои хонаводагӣ зани ман қарор гирифт. Дар ҳар ҷое, ки ин мавзӯъ кушода мешуд, ман шарм карда, зуд ба берун мерафтам.
Баъди як ҳафта ӯ пӯстинашро тамоман чаппа пӯшид. Акнун аз он духтараки меҳрубон на ном буду на нишон. Сари чанд вақт як дар мегирифту ҷанҷоли сахт мекардем. Аммо, ман боз ҳам сабр карда, лаб зери дандон мегирифтам.
– Асбобу ҷевонҳои хона кӯҳна шудаанд. Вақте ягон кас меояд, шарм медорам. Онҳоро иваз кун, - ба “ту” – гӯиву фармон гузашт занам.
Иваз кардани ҷиҳози хона осон набуд, аммо ба хотири шарм накардани ҳамсарам қарзу қавола карда, онҳоро иваз кардем. Мебелу парда ва мизи хӯрокхӯриву хулоса, ҳамаи таҷҳизот иваз шуданд. Рухсор дар хонаи падараш радио ҳам гӯш накарда буд, аммо дар хонаи мо шаб то саҳар телевизор даргирон буд.
Арози навбатӣ
Чанд рӯз пас аз қадимӣ будани хонаву гандагии ҳамсояҳои маҳалла шикоят кард. Худи ҳамон ҳафта хонаро фурӯхта, аз кӯчаи дигар ва наздиктар ба марказ як хонаи зебо харидам, аммо боз ҳам мебелу таҷҳизот ба занам писанд наомад. Маҷбур шудам, ки онҳоро ба кӯҳнабозор барораму бо нархи арзон фурӯшам, ҳарчанд ба назари ман кӯҳна набуданд. Маҷбур ба болои пули аз фурӯши мебелҳо пайдокарда боз бештар маблағ монда, ҷиҳози нав харидам.
Муддате рӯзгорамон тинҷ шуд. Болои ҷойнамоз дуову шукр мекардам, ки ба зиндагии осуда расидем. Аммо ин дер давом накард. Баъд аз ду- се моҳ дидам, ки табъи занам боз хира шуд. Пурсидам, ки боз барои чӣ нороҳат аст. Рӯяш намешуд, ки бигӯяд, аммо бо ишора ба мошиндории дугонаҳояш тавре фаҳмонд, ки дилаш мошин мехоҳад. Боз рӯ овардам ба рафиқон ва дигарбора қарзу қавола карда, мошин харидам. Мошин ба номи ман буду ба коми занак. Ҳуҷҷати ронандагиаш ҳам гирифтем ва акнун ӯро дигар дар хона ёфта намешуд. Худаш медонисту айшу нӯшаш.
Ҳоло аз духтаре, ки замоне зани идеалии ман буд, дигар на пай буду на ҳайдар. Ҳатто бо ӯ ҳарф зада намешуд. Рӯзи дароз кораш ба ороишгоҳ рафтан буду мошиндавонӣ. Шоме ба хона омадам, ки нест. Ночор тухм пухта, хӯрдаму хоб кардам. Ҳар лаҳза бедор шуда, ба соат менигаристам. Номи занакро гирифта, ҷеғ мезадам, аммо садое намебаромад.
Соат аз 1 –и шаб гузашт. Дар оҳиста кушода шуду ӯ масти аласт ба хона даромад. Вақте дар куҷо буданашро пурсидам, аз ҷавобаш шок шудам. Ба дискоклуб рафта будааст. Аз даҳонаш бӯйи бад меомад.
-Ту чӣ нӯшидаӣ, мӯйдарози ақлкӯтоҳ?,-дод задам ба сараш.
-Камакак виски. Одам як бор ба дунё меояд ва бояд аз он самаранок истифода барад. Ман ҳамеша дар худам тағйироту навигариро мехоҳам. Туи муаллим ин хел чизҳоро намефаҳмӣ. Аз ин рӯ, ғам надеҳу мон, ки тамоми орзуҳоямро бинам ва бо хости худам зиндагӣ кунам.
Ин посух гӯё сатили оби сарде буд, ки дар шаби қаҳратуни фасли сармо ба сарам рехтанд. Занам акнун хона, мошин ва тамоми чизи мехостаашро дошт. Фаҳмидам, ки дар зиндагии хонумам акнун ман кӯҳна шудаам ва манзураш нав кардани ман аст. Аз ин рӯ, маҷбур ҷавобашро додам ва пиҷҷакамро гирифта, аз хона баромадам. Хонаву мошин ва ҳар чизе, ки доштам, ба ӯ монд. Танҳо чизе, ки барои ман аз зиндагӣ бо Рухсор мерос омад, лақаби «Маҳмуди ҷӯроб» буд. Собиқ занак акнун маро “ҷӯроб”, “ҷӯроб”, - гуфта, масхара мекард.
Ҳамин як ҷуфт ҷӯроби лаънатӣ сабаб шуд, ки ҳама чиз аз байн раваду зиндагиам дар як лаҳза ба мотамхона табдил ёбад. Минбаъд, ба ҷойи шукр гуфтан, ҳамеша як дуо дар нӯги забонам аст: Кош дастам мешикасту ҳамон рӯз он ҷӯробҳоро барояш намегирифтам, зеро имрӯз хӯрокам заҳр асту кулбаам зиндон ва дар кадом гӯри танг задани сари сахтамро намедонам. Худам мондаму қарзхоҳон ва ғаму кулфати кунҷи қалбам. Шумо гӯед, ки чӣ кор кунам?