Arzon march 2024
ЗАНАМ МАНУ МОДАРАМРО “ЧУМО” КАРДААСТ
10986

 

Дирӯз баъди интизориҳои зиёд аз муҳоҷират баргаштам. Падару модарам маслиҳат карданд, ки маро хонадор мекунанд.

-Бачам, ба бисту ду қадам гузоштӣ, бояд, ки зан гирӣ, рафиқони ту барвақт зан гирифта, соҳиби фарзанд шуданд,- насиҳатомез мегуфт модарам.

-Ҳой бача, ман модаратро дар ҳабдаҳсолагияш гирифтаму баъди нуҳ моҳ ту таваллуд шудӣ, агар барвақт зан нагирӣ, кай кӯдакдор мешавӣ?- мегуфт падарам. Ман намедонистам ба падару модари меҳрубонам чӣ ҷавоб диҳам. Ниҳоят онҳо ба қароре омада, ба келинкобӣ баромаданд. Чор рӯз қишлоқҳои гирду атрофро кофта, ба худ келини муносиб наёфтанд.

Рӯзи панҷум ба шаҳр келинкобӣ рафта, аз кадом микрорайоне як духтарро ёфта, таги чашм карданд. Модари духтар ҳам пеш аз розигии фарзандаш ба модарам чунин шарт гузоштааст.

-Духтари ман-духтари шаҳрӣ, ягон маротиба дар танӯр нон напухтааст. Вай аз бӯю таф ва дуди дегдон аллергия дорад. Ҳа, боз гуфта монам, духтарам аз гови хонагӣ сахт метарсад. Мабодо дар вақти ширдӯшӣ говатон шатта зада монад, барои ҳамин бояд тарафи оғилхона наравад. Дар қишлоқ ҳар сол тирамоҳ, ки омад, ҳамаи шумо ба пахтачинӣ мебароед. Шумо мардуми омӯхта, духтари ман дар ҳаёташ пахта начидааст. Вай умуман дар ҳавои гарм кор карда наметавонад, нафасаш шояд бигирад. Модарам ҳамаи нақлҳои занаки духтардорро шунида, ба ҳамаи шартҳои гузоштааш розӣ шудааст. Вақти хайрухуш он занак ба модарам гуфтааст, ки як бор пеш аз тӯй бачаатонро гирифта, ба хонаи мо биёред, то ки духтарам ӯро дида, маъқул кунад. Ман бо ташвиқи модарам як рӯз ба хонаи он занак рафтем. Хонааш дар ошёнаи чоруми шаҳр будааст. Зан ману модарамро хуш қабул кард. Дар як ҳуҷраи майдаи мисли қуттии гӯгирд ягон бист дақиқа шишта будем, ки садои зангӯлаи дар садо дод.

-Оча, даро кушо, ман омадам,- шунида мешуд овози духтаре аз паси дар. Модараш рафта, дарро кушод. Духтар ба хона даромада, пойафзолҳои бегонаро дар назди дар дида, аз модараш пурсид:

-Оча, меҳмон доред? Модар духтарро чизе гуфту ба хонаи дигар гузаронд. Мо хеле нишаста, дар сари дастархон суҳбат кардем.

-Акнун хез, писарам, арӯсшавандаатро як рафта бин,-сӯям нигариста фаҳмонд модарам. -Ҳа рост, духтарамро як рафта бин, шояд ба якдигар писанд биёед,-гуфт модари духтар. Ман шармида- шармида аз ҷой хестам. Вақте ба назди ҳуҷраи духтар раҳсипор шудам, аз ҳаяҷони зиёд ранги рухсораам суп-сурх гардида буд. Аз чӣ сабаб бошад, дасту пойҳоям ба ларза даромаданд. Ин ҳаяҷони маро модари духтар дида, ба рухсораи лолагунам дида дӯхта гуфт:

-Писарам, шарм надор, духтари ман одамхӯр не, вай як туро мебинаду халос. Чизе пурсад, натарсида ҷавоб деҳ, фаҳмидӣ.

Ман аз рӯи нишондоди модари духтар амал кардам. Вақте дари ҳуҷраашро кушодам, дидам, ки ӯ дар назди оинаи рӯимизӣ худашро орою торо медод. Маро дида, ба сӯям нимнигоҳе карду ороишашро давом дод. Ман лаҳзае ба ҳуҷраи ӯ назар кардам. Ҳама ҷо бетартиб, сумкааш дар болои бистари хобаш, либосҳои хонагӣ ҳар сӯ паҳну парешон буданд. Ӯ ороишашро тамом карда, маро ба нишастан даъват кард.

-Ту бачаи ҳамон зани келинкобӣ?-ба чеҳраи ҳайронам нигариста пурсид. Ман ба ишораи сар сухани ӯро тасдиқ кардам. Духтар дар бораи ҳаёти оилавӣ, зиндагии шаҳрияш хеле сухан кард. Дар охир ба хулоса омада гуфт:

-Ман сухани модарама намешиканам, албатта, розӣ мешавам бо ту хонадор шавам, лекин чӣ гапе мегӯям, гапамро гӯш мекунӣ, аз хати кашидаи ман намебароӣ,-фаҳмонд духтари шаҳрӣ.

Баъди як моҳ тӯйи арӯсии мо оғоз гардид. Келини нав аз рӯзи нахустини арӯсиаш дар хонадони мо реҷаи зиндагиро иваз кард. Модарам ҳар пагоҳӣ говҳоро дӯшида, барои ману ӯ хӯрок мепухт. Келин саҳаргоҳон хеста, дари ҳавлиро камтар об зада мерӯфту ба ҳуҷраи хобаш даромада, телевизор тамошо мекард. Баьзан медид, ки модарам пухтупаз дорад, ба корҳои ӯ ёрӣ мерасонд. Ҳар як коре, ки дар хонаи мо шуда мегузашт, келин онро ба воситаи телефони дастияш ба модараш нарезондаю начаконда нақл мекард. Модари бечораам, ба хотире, ки келин наранҷад, ба ӯ ҳатто даҳонашро намекушод.

Боре аз кор биёям, модарам оҳиста маро фарёд карда гуфт:

-Бачам, ман аз ҳамин келин хавотир, рӯздармиён бо телефонаш бо касе мулоқот мекунад,-таъкид кард модарам. Рӯзе дар вақти хоб хеста телефонашро гирифта, ба берун баромада, кофтам.Чун дидам, ки дар як рақам дувоздаҳ бор занг задааст, ман ҳам ба ҳамон рақам гудок фиристодам.

-Алло, ҷонам, тенҷӣ, дар ин нисфишабӣ занг задӣ ё бо шавҳари содаат ҷанг кардӣ,-садои ҷавоне аз телефон шунида шуд. Ман зуд телефонро хомӯш кардам. Дар ҳақиқат, суханҳои модарам ҷон доштааст. Ин ҳамсари меҳрубони ман ошиқ доштаасту ман бехабар. Чун пагоҳӣ шуд, аз ӯ кӣ будани он бачаро пурсидам.

-Э, вай ҳамсинфам Абубакр, ягон шӯхӣ кардаст дар телефон,- норозиёна гуфт ҳамсарам. Баъди ин дилам аз зани гирифтаам хунук шуд. Ҳоло мехоҳам шахсияти Абубакрро маълум карда, ҳамсарамро ҷавоб диҳам. Шумо мебудед, дар ҷои ман чӣ кор мекардед?

 

Р. Файзуллоев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД