arzon replenishment
ЗАНАМ ГУНОҲ НАДОРАД, ОЧА!
25.03.2021
ОИЛА
4596

 Сарнавишти ман хеле ғамангезу ашколуд ва фоҷиаи як оила аст. Мо садҳо қиссаро дар бораи аз тифлони хеш рӯй гардондани занҳо хондаем. Ҳарчанд ин дарди ҷомеа аст, вале аллакай чашмони мо ба диданашу гӯшҳои мо ба шуниданаш одат кардаанд.

Аммо аз писари ягонаи оиладору фарзанддор рӯй гардондани модари пирашро шояд нашунидаед ё кам шунидаед. Ростӣ, ман мардам ва ба рӯйи коѓаз рехтану ба ҳафтавор овардани дардам айб аст, аммо алам роҳи нафасамро мегирад, дилам танг мешавад…

                                 Ду тору ду тарона

Ман дар маркази шаҳри Душанбе дар оилаи духтурони машҳур ба дунё омада, ба воя расидаам. Падару модарам ҳар ду духтур буданду зиндагии шоистаи ману хоҳарамро таъмин мекарданд. Мо ҳар ду бо ҳам хеле дӯст будему хуб мехондем. Хоҳарам аз ман як сол хӯрд буд, мо ҳам ба мактаб ва ҳам ба донишгоҳ якҷоя мерафтем. Падару модарам духтур бошанд ҳам, ману хоҳарам дар риштаи иқтисод таҳсил карда, мутахассисони умури бонкдорӣ шудем. Зиндагии хушнудонае доштем, хонаи панҷҳуҷрагии барҳаво, мошин, сару либоси зебо- хулоса, чизе барои зиндагии осудаи як инсон зарур аст, дар мо буд. Падарам дар хонаи бачаҳо ба воя расида буду аз дори дунё як амма дошт, вақте кампири аммаи падарам ба хона меомад, модарам қавоқҳояшро андохта, ба вай рӯйи хуш намедод. Аммо холаву таѓоҳоям мудом дар хонаи мо буданду ҳамаашон ҳангоми донишҷӯйияшон дар хонаи мо меистоданд.

Падару модарам ҳамсабақ буданд ва ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шуда буданд, падарам модарамро дӯст медошт ва чизе гӯяд, гапашро мегирифт. Агар гӯям, ки дар хонаи мо гап гапи модарам буд, хато намекунам…

                           Моҷарои зангирии ман

Ман як ҳамсинфамро дӯст медоштаму бо ӯ аҳди муҳаббат баста будам. Савсан низ маро дӯст медошт. Ӯдар Донишгоҳи забонҳо мехонду мехост оянда тарҷумон шавад, модарам аз ин хабар дошту инро ишқи бачагона медонист. Чун айёми зангирии ман фаро расиду ман гуфтам, ки ѓайри Савсан каси дигаро намегирам, модарам қиёматро қоим кард. Падару модари Савсан омӯзгор буданд, модарам онҳоро муаллимони нони қоқхӯру ким чиҳои дигар гуфта, таҳқир кард. Дид, ки ҷангу ҷанҷолаш ба ман таъсир намекунад, худашро ба беморӣ зад. Оқибат падарам дар умрашон бори аввал аз ман пуштибонӣ карда гуфтанд:

-Очаш, ҳамин ту мани саѓираи бесоҳиба дӯст дошта гирифтӣ. Падарат ҷавон гузашта бошад ҳам, амаку модарат туро ба ин пойлуч намедиҳем гуфта, чӣ қадар ҷанг карданд? Ман таслим шудаму ба ту бахти сафед хостам, аммо ту то охир мубориза бурдӣ, охиран ишқи поки мо ѓалаба кард. Баъд ман домоди дӯстдоштаи модарат шудам, раҳматӣ то охири умраш писарам гӯён, ба ман муроҷиат мекард. Биё розӣ шав, то писарамон ба дӯстдоштааш расад… Аммо модарам роҳи дигарро пеш гирифта, Савсанро ёфта гуфтааст, ки писари маро ба ҳолаш мон. Баъди ин ҳарфҳои модарам Савсан дигар ба рӯйи ман нанигариста, шавҳар кард ва модарам духтари як дугонаашро келин кард.

                               Келину хушдоман

Ситораи келини хушкардааш аз рӯзҳои аввал ба модарам рост наомад. Модарам зани ниҳоят озодаю хушдастархон буданд, Фараҳноз на хӯрок пухта метавонисту на хонаву дарро тоза нигоҳ дошта. Ман ӯро дӯст медоштам, вале модарам шабу рӯз ҳамроҳаш моҷаро мекард. Пас аз ба шавҳар додани хоҳарам ва духтарча таваллуд кардани занам вазъият бадтар шудан гирифт, акнун моҷароҳои хонаи мо ба гӯши хусуру хушдоманам ҳам расиданд ва…

Як субҳ баъди сӯхтани тухмбирён модарам бо занам ҷангу ҷанҷол карда, ӯро падарлаънати чалфасу ким-чиҳои дигар номид ва Фараҳноз қаҳр карда рафт. Чанд бор барои оварданаш рафтам, ӯ маро дидан нахост, зери домони модарат гард гуфта, ҳақоратам дод, ман духтарчаамро дида баргаштам. Оқибат мо расман ҷудо шудем, Фараҳноз баъди шаш моҳ шавҳари дигар карда, духтарчаамро гирифта ба Руссия рафт. Дар ин миён хоҳарам низ аз шавҳараш ҷудо шуд, ин ҳам бо «шарофат»-и модарам, зеро ҳамеша хушдомани хоҳарамро таъна мекард, ки духтари ман аз писари ту дида, зиёдтар маош мегирад. Язнаам милиса буд ва маоши хуб надошт…

                          Зани наву ташвишҳои нав

Модарам ин дафъа бароям зани духтур ёфт. Гулрез аз оилаи ботақво буду шаш бародар дошт. Хусуру хушдоманам ҳам инсонҳои хуб буданд, Гулрез ба беморхонаи модарам таҷрибаандузӣ меояду ӯ дилашро ёфта, келинаш мекунад. Гулрези меҳрубону ширинзабон тавонист дили маро ба зиндагӣ аз нав гарм кунад, ӯ то метавнист ҳам кори хонаро мекард ва ҳам аз давлатро, боз вақт ёфта, ба хонаи хоҳарам рафта, ба ӯ ёрӣ медод. Баъди аз шавҳараш ҷудо шудан падарам барои хоҳарам хонаи алоҳида харида дод ва ӯ бо духтарчааш он ҷо зиндагӣ мекард. Зиндагиямон як муддат тинҷ мегузашт, вале падарам ба дарди қаттоли саратон печида, оламро падруд гуфт. Пас аз сари падарам модарам боз қилиқҳояшро сар карда, бо Гулрез моҷаро оѓоз кард. Мо пайи ҳам соҳиби ду писараки нозанин шудем, Гулрез ягон айб надошт. Ман гоҳе аз занам ҷонибдорӣ карда, зери борони ғазаби модарам мемондам. Модарам Гулрезро ба ифлосиву ноуҳдаброӣ гунаҳгор карда, ҳамеша рӯзамонро сиёҳ мекард. Як дами оромӣ набуд…

Хоҳарам инро дида, ба модарам маслиҳат дод, ки хонаро фурӯхта барои худашу барои мо хонаҳои алоҳида харад. Аммо модарам, ки акнун ба нафақа баромада бошад ҳам, кор мекард, мегуфт, ки ин хонаи ман, баромада раванд, гум шаванд. Гулрез низ ба ин ҷангу ҷанҷол тоқат накарда, хонаи модараш рафт ва ман аз қафояш рафтаму хонаи иҷора гирифта, ба зиндагии нав сар кардем. Дукаса шабу рӯз кор карда, зиндагиямонро мебурдем ва пули хонаи иҷораро медодем. Хусуру хушдоман ва бародарони ҳамсарам ба мо маслиҳат доданд, ки ба модар муроҷиат кунем, то нисфи маблағро диҳад, нисфи дигарро онҳо медиҳанд ва бароямон хона мехаранд, аммо…

                        Ман писар надорам!

Ман аз тарс назди модарам нарафтаму пеши хоҳарам даромада, маслиҳати пайвандони занамро гуфтам. Аммо хоҳарам чун пештарҳо бо ман меҳрубон набуд, аз даромаданам ба хонаи хоҳарам даҳ дақиқа гузашта буд ё не, ки модарам омада даромад. Ӯ арзи маро шунида гуфт:

-Ман писар надорам! Ту латтаи фаршшӯӣ модар надорӣ, ман ба ту як тин намедиҳам, агар даркор шавад, ба суд медиҳаму аз ту алимент талаб мекунам!

Ба модарам гуфтам, ки “оча, охир дилам ба писаронам месӯзад, духтарчаам дар ким кадом гӯшаи дунё, охир раҳм доред ё не?!”, аммо ӯ маро шунидан намехост…

Инак, шаш сол мешавад, ки аз модар ҷудоям… Бо қарзу қавола хона ҳам харидаму қарзҳоямро ҳам кандам, зиндагиямон тинҷу осуда аст. Хоҳарам ба хонаи модарам кӯчидаасту дар хонаи худаш иҷорашин шинондааст, ӯ ҳам бо ман гап намезанад.

Ман ҳеҷ гоҳ ба рӯйи модарам каҷ нигоҳ накардаам, баъди аз хона ронданашу дар ба дар шудану азоб кашиданам ҳам аз ӯ даъвое надорам. Фақат мехоҳам ӯ бо ман оштӣ кунад, хонаам омада равад. Гуноҳи ман пеши модарам ҷудо нашудан аз занаму сағира накардани писаронам аст.

Гуноҳи дигарамро намедонам…

                                                         Самар

                                                      Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД