Arzon march 2024
Занам аз рӯи ҳамкорам худкушӣ кард
7415

Ҳамсарам он рӯз дар хона набуд. Аниқтараш ӯ ба хонаи модараш барои хабаргирии онҳо рафта буд. Касе дари хонаамро кӯфт. Бо оинаи дар чашм дӯхта, дидам, ки Рисолати ҳамкорам дар пушти дар аст. Зуд дарро кушода, ӯро ба хона таклиф намудам ва ҳатто бе огоҳӣ омаданаш каме хиҷолатзадаам намуд.

Рисолат ба чор тараф назар карда гуфт:
- Янгаам канӣ? Кӯдаконат нестанд?
- Онҳо ба хонаи бобояшон рафтанд. То шом шояд расида оянд, - гуфта ҷавоб додам ман
Ҳамроҳи Рисолат хуб аз ину он сӯҳбат кардем. Ӯ “хӯроки нисфирӯзӣ омода мекунам” гуфта, ба ошхона гузашт.

- Лозим нест, худатро озор надеҳ. Янгаат, ки омад, худаш хӯрок мепазад, - гуфтам, вале Рисолат “хомӯш шинед, то омадани янгаам гуруснаву ташна мешинед магар?”, - гуфта, зуд сабзавотҳоро аз яхдон берун бароварда, хӯроки тоҷикона омода кард.

Мо якҷо сари дастурхон нишаста, таом мехӯрдем. Рисолат гуфт, ки модару хоҳараш ба меҳмонӣ рафтаанду ӯро бо худ набурдаанд.

- Аҳд кардам, ки ба хонаи шумо ба пеши янгаам ва кӯдаконатон омада, рӯзро шом кунаму баъдан ба хонаамон баргардам, - гуфт ӯ.

Вақте мо сӯҳбат доштем, дари хонаамро касе беист кӯфт. Тозон барои кушодани дар рафтам. Бинам, ки ҳамсарам ҳамроҳи кӯдакон омадааст. Нафасам дар гулӯ монд. Занак баробари дидани Рисолати ҳамкорам фиғонро сар кард:

- Дар набудани ман чаро ин аҷузаро овардӣ? Вай худаш кист, ки дар набудани ман ба хонаамон пеши ту меомадааст? Аксҳои якҷоя гирифтаатон беҳуда набудаанд, - а? Наздикони ман беҳуда шуморо дар кӯчаҳои шаҳр якҷоя намедидаанд. Инҷо зери коса кадом як нимкосае ҳасту ту ин фоҳишаи лаинро ба хонае, ки ман нестам, даъват кардӣ.

Ҳамин тавр,занам ҷангҷол бардошт. Бо шунидани суханҳояш сарам ба дард омад ва ӯро аз долони дар дарун дароварда, ором кардаму буду шуди гапро фаҳмонидам, вале ҳамсари бадрашкам ҳеҷ маро намешунавид, ки намешунавид. Рисолат садои кӯдаконро шунида, ба берун баромад. Ҳамсарам дар тани ӯ либосашро диду авзояш якбора беҷо шуд:

- Ту чаро либоси маро пӯшида, дар хонаи ман шиштаӣ? Фоҳишаи хонасӯхта, ту аз ману шавҳарам чӣ мехоҳӣ? Ҳамеша аз пушти ту зиндагиам ноором аст, - гуфта занам ба Рисолат дарафтод. Агар онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намекардам, яқин буд, ки занам ҳамкорамро буғӣ карда мекушт.

Рисолат ба рӯи занам нигариста гуфт: ман Саидро ба ҷои акаам медонам. Ӯ шахси наздиктарин аст бароям. Наход ба муносибати бародаронаву хоҳарони мо рашк карда, моро тӯҳмат намоӣ? Ҳайфӣ ту, янга, - гуфту либосашро дар хонаи дигар иваз карда, ба пасаш нанигариста баромада рафт.

Баъди рафтани ӯ ба ҳамсарам гуфтам, ки ин чӣ кори кардаат буд? Ту медонӣ ҳамкорамро, ки бо сад умед кӯдаконамонро хабаргирӣ омада, барояшон бозичаву хӯрока оварда буд, ранҷондӣ? Дилсиёҳи бехудо, ман дигар ба рӯи ҳамкорам чӣ хел нигоҳ мекунам? – гуфта, хуб латукӯбаш намудам, аммо ҳамсарам хонаро ба сар бардошта, ҳамоно мегуфт, ки агар дар будани ман меомад, ин қадар аламам намекард.

Вале ӯ аз набудани ман истифода карда, ба оғӯши гарми ту омадааст. Боз хӯрок ҳам пухта мондааст, - ку? Шумо хиёнаткорони бехудоед. Аз рӯи ҳардуи шумо дар пеши авлодонам сар бардошта наметавонам.

Боз ӯро лату кӯб кардам. Дидам, ки намешавад, оҳиста либосҳоямро иваз карда, аз хона баромадам. Аз байн як соат нагузашта, ҳамсояи хабаркаши ҷангандозамон, ки сабабимуноқишаи зану ҳамкорам шуд, занг заду “зудтар ба хонаатон оед, Анора худкушӣ кардааст” гуфт.
Хун дар рагҳоям лаъл баст. Пеши чашмонамро пардаи торикӣ гирифт. Чӣ хел ба таксӣ нишаста, ба хона омадам, худам ҳам намедонам.

Дар поёни хона ҳамсояҳо ҳамсарамро ба мошини”Ёрии таъҷилӣ” савор карда истода буданд. Баробари дидани ман “ана шавҳараш ҳам омад” гуфта садо бароварданд.

Духтарчаҳоям бо як овоз мегиристанд. Онҳоро ба дасти ҳамсоязан супорида, зуд ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” нишастаму ба беморхона омадем.
Баъди чанд муддат духтурон организми занамро шуста, заҳри доруҳои хӯрдаашро тоза карданд. Пас аз чанд вақт ҳамсарам ба худ омад. Дар болои сараш маро дида, дар куҷо ва бо ӯ чӣ шуданашро пурсид. Ӯро ором намуда, ҳамашро фаҳмонидам. Дастамро ламс карда гуфт:

- Мани беақл чаро ин корро кардам?

Баъди як рӯз ҳамсарамро аз беморхона ҷавоб доданд, вале фикр мекунед муносибати хонаводагии ману ӯ соз шуд? Не, авлоди занам аз болоям шикоят карда, маро ба суд додан хостанд, вале ҳамсарам монеаи ин кор гашт.
Хонандаи азиз! Пеш аз оне, ки ба ягон ҷо меҳмонӣ меравед, соҳибхонаро огоҳ кунед. Тақдире, ки ба сари ман омад, худо ба сари шумо наорад.

Акнун Рисолат дигар бо ман акс намегирад, бо ман якҷо аз коргоҳ берун намешавад. Ӯ низ хатои кардаашро дарк намуд, лекин... Бинед, ки меҳмон шудани ҳамкорам балоҳои зиёдро ба сарам овард, аммо Худованд худаш медонад, ки байни ману ҳамкорам ба ҷуз аҳди муҳаббати бародариву хоҳарӣ дигар чизе нест!

Саид,
хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД