Дар подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” оид ба муносибати занҳо ба пул, идораи самараноки пул дар оила, мушкили асосии молиявии занон дар ҷомеаи муосир ва раҳоӣ аз он бо номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Султонбии Раҳматзода суҳбат намудем.
Ёдовар мешавем, ки ин подкасти “Маърифати молиявӣ” бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” омода ва дар ютубканали “ОИЛА” пешниҳоди шумо мегардад.
-Дар тасаввури мардуми мо баъзан “пул шуд, гум шуд” гӯён, пули ба даст омадаро зуд харҷ мекунанд. Аз нигоҳи шумо, ҳамчун иқтисодшинос пул чист ва чӣ гуна бояд сарф шавад?
-Пули миллӣ, яъне сомонӣ яке аз нишонаҳои мустақил будани давлати мо аст. Бинобар ин, эҳтиром гузоштан ба пули миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Дар баробари ин, пулро бояд мақсаднок ва сарфакорона истифода намоем. Яъне, асосан пул бояд ба эҳтиёҷоти аввалиндараҷа ва таълиму тарбияи фарзандон истифода шавад.
-Агар пул ба дасти зан бошад ва дар хона ӯ хароҷот кунад, муносибаташ ба пул бояд чӣ тавр бошад?
-Новабаста аз он ки пул ба дасти кист, зан ва ё мард пул муносибати ҷиддиро талаб менамояд. Ҳангоми истифодаи пул ҳамавақт эҳтиёткор бояд буд. Зеро дар ҷое, ки пул ҳаст, хавфи аз даст додану хароҷоти беҳуда зиёдтар аст. Аммо дар фарҳанги мо муносибати занҳо бо пул нисбат ба мардҳо эҳтиёткорона ба назар мерасад. Пулро оқилона ва манфиатбахш барои камбудиҳои зиндагӣ ва ё ноил гаштан ба мақсадҳои дар назди оила гузошташуда истифода мебаранд.
-Аз нигоҳи шумо, буҷаи оила ва банақшагирии молиявӣ ба ҳаёти занон чӣ гуна таъсир мерасонад?
- Мутаассифона, дар аксари оилаҳои мо мафҳум ё ибораи буҷаи оила вуҷуд надорад. Ҳарчанд ки онҳо ҳамарӯза ба ин рӯ ба рӯ мешаванд. Агар мо сари мафҳуми худи буҷаи оила таваҷҷуҳ намоем, ин маҷмӯи даромадҳои аҳли оила, яъне аз музди меҳнат, фоидаи тиҷорат то дивидендҳо аз сармоягузорӣ, истифодаи амвол буҷаи оиларо ташкил менамоянд. Он дар шакли буҷаи рӯзона, ҳафта, моҳона, солона сурат мегирад. Инчунин, буҷаи оила аз қисматҳои зерин иборат аст: даромад, хароҷот, пасандоз ва маблағгузорӣ.
Агар дар назди оила мақсади муайян гузошта шуда бошад ва оила буҷаи худро дуруст ба роҳ монад, бовар дорем, ки оилаҳо зудтар ба мақсадҳои худ ноил гашта, сатҳи зиндагии худро беҳтар менамоянд. Бинобар ин, асоси ба танзим даровардани буҷаи оилаҳо маҳз аз занҳо вобаста аст.
-Пас, имрӯз мушкили асосии молиявии занҳоро дар чӣ мебинед?
-Баъзан дуруст ба нақша нагирифтани даромаду хароҷот боиси пайдо шудани мушкилоти молиявӣ дар оила мегардад. Вақте ки хароҷот таваккалӣ, бидуни нақша сурат мегирад, оила дучори мушкил мешавад.
Бинобар ин, якум, занҳо аз донишҳои молиявӣ бархурдор шаванд ва хароҷоти хонаводаи худро ба танзим дароранд.
Дуюм, дар сурати кам ба даст овардани музди меҳнат, тиҷорати оилавии худро ташкил намоянд. Масалан, занҳои хонанишин ҳар гуна шириниву хӯрокҳои болаззат, ҳунари дастиро дар шароити оила тайёр карда, дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои серодам пешниҳод намоянд.
Сеюм, ҳунар омӯзанд ва бо истифода аз он даромади иловагӣ ба даст оранд. Зеро дар Тоҷикистон ба занҳои ҳунарманд имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла пешниҳоди қарз аз ҷониби бонкҳо пешниҳод шудааст. Хушбахтона, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ назаррас мебошад. Имрӯз дар тамоми соҳаҳо занонони фаъолро мебинем, ки дар пешрафти кишвар саҳми намоён мегузоранд.
-Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии занон кадом корҳо анҷом шудаанд? Зимнан, боз чӣ муҳим аст?
-Азхудкунии саводнокии молиявӣ ба занон имконияти васеъ фароҳаммеорад, ки онҳо даромаду хароҷоти оиларо ба нақша гирифта, роҳҳои мусоиди афзун кардани даромадро дарёфт намоянд.
Дар Тоҷикистон имрӯз ҳиссаи занони соҳибкор зиёда аз 25 фоизи шумораи умумии соҳибкорони инфиродии мамлакатро ташкил дода, қариб 15 фоизи роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби занон мебошад. Зеро ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт аз ҷумлаи иқдоми муҳим ҷиҳати боло бурдани манзалати зан дар ҷомеа мебошад.
Айни ҳол дар кишвари мо шумораи соҳибкорзанон зиёда аз 80 000 нафарро ташкил медиҳад. Бори аввал оид ба рушди соҳибкории занон барномаи алоҳида — Барномаи рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст.
-Кадом стратегияҳои молиявӣ ба занон барои ноил шудан ба истиқлоли молиявӣ кӯмак карда метавонанд?
- Дар даврони соҳибистиқлолӣ якчанд барномаву стратегияҳо татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ» бо иштироки занони фаъоли бонк дар мавзӯи «Баланд бардоштани саводнокии молиявии бонувони Бонки миллии Тоҷикистон» машғулияти омӯзишӣ гузаронида шудааст. Дар Бонки миллии Тоҷикистон машғулият аз ҷониби Шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардида, самти он ба такмили маърифати молиявии бонувони бонк нигаронида шудааст. Дар доираи барномаи мазкур дар саросари ҷумҳурӣ семинар-машваратҳои ташаккули саводнокии молиявӣ гузаронида шуданд. Инчунин, аз тарафи БМТ ва ташкилотҳои молиявии кишвар соли ҷорӣ дар 4 шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ Фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чорабиниҳои мазкур муҳим буда, барои боло бурдани маърифати молияӣ таъсири мусбат мегузорад.
-Шумо ба занон дар бораи идоракунии пул, қарз ва сармоягузорӣ чӣ маслиҳат медиҳед?
-Ҳамавакт буҷаи оилаи худро танзим намуда, хароҷоту даромади худро идора намоянд. Пули ҷамънамудаи худро дар бонкҳо, аз ҷумла ҶСК “Ориёнбонк”, ки яке аз бонкҳои боэътимод аст, ҳамчун пасандоз нигоҳ доранд. Бо мақсади ба даст овардани даромади фоизӣ ва ё даромади пассивӣ истифода намуда, як сарчашмаи даромади дигарро дар оилаи хеш ба миён биёранд. Аз гирифтани қарзҳои зиёд худдорӣ намоянд, зеро аз ҳад зиёд гирифтани қарзҳо ба буҷаи онҳо таъсири манфӣ расонида, садди роҳи суръати рушди буҷаи оилавии онҳо мегардад. Пеш аз гирифтани қарз аввал имконият ва қобилияти пардохтпазирии оилаи худро таҳлил намуда, шарту шароити маҳсулоти қарзиро омӯхта, баъдан барои гирифтан ва ё даст кашидан аз қарз хулоса бароранд.
Мусоҳиб:
Усмон Раҳимзода