Formula novemver 2024
Зан тифли навзодро аз таваллудхона дуздиду...
1383


Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 23-сентябр ҳодисаи нохуше рӯй дода, тифли навздеро аз ин таваллудхона дуздиданд.

Барои ҷустуҷӯйи ин тифли навзод тамоми мақомот ба по бархоста, ниҳоят пас аз як ҳафта занеро, ки тифли навзодро аз таваллудхона дуздида буд, дастгир намуданд.
Ба иттилоъи Бомдод тифли навзодеро, ки рӯзи 23 сентябр аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дуздида буданд, баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯҳо, рӯзи ҷумъа, 30- сентябр билохира пайдо кардаанд. Мақомот расман ин қазияро шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, навзодро гӯё як зани хеши падари кӯдак дуздидааст.

Сабаби ба кӯдакдуздӣ даст задани зан маълум нест, вале як мабаъ ба “Бомдод” гуфтааст, ки ин зан бефарзанд будааст ва аз писар таваллуд кардани ҳамсари хешашон хабар ёфта, тифли навзодро аз таваллудхона дуздидааст.

Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, тифлаки дуздидашуда фарзанди нахустинашон будааст. Ба гуфтаи корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, модари кӯдак тифлашро ба сахтӣ ба дунё оварда, то ҳол дар шуъбаи реаниматсия қарор доштааст ва аз дуздида шудани фарзандаш хабар наёфтааст.

Зан кӯдаки навзодро вақте дуздидааст, ки модари тифлро баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД