arzon replenishment
Зан тифли навзодашро аз ошёнаи 4-ум партофт!
1832

Модарро фаришта мехонанд, вале баъзе модарони сангдиле низ ёфт мешаванд, ки дар бераҳмӣ аз шайтон ва деву дад монданӣ надоранд. Яке аз чунин модарони аҳримансифат тифлаки навзодашро аз ошёнаи чорум ба замин партофтааст..
Тавре, ки РИА-Новостӣ, Блокнот. ру ва дигар манбаҳо менависанд, ин ҳодисаи ваҳшатбор шаби гузашта дар кӯчаи Ставропольскаяи шаҳри Маскав рӯй дода, як зани 30-сола тифлаки навзодашро аз ошёнаи 4-ум ба замин партофтааст.
Ба қавли расонаҳои русӣ ин зани девсиришт 30–сол дошта, шоми 15-уми феврал, тахминан соатҳои 21.00-ишаб дар манзили истиқоматиаш тифли батнашро ба дунё оварда, баробари таваллуд шуданаш кӯдаки бегуноҳро ба халтаи селофанӣ андохта, ба замин ҳаво додааст.

photo_2022-02-16_14-01-39
Ин тифли сарсахт аз баландии марговар ба замин афтида бошад ҳам, ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондаааст.
Роҳгузарон писарчаи навзодро аз рӯйи роҳ пайдо карда,фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” ва пулис хабар додаанд.

photo_2022-02-16_14-01-44
Айни замон модар ва кӯдак дар бемористон қарор доранд ва табибон барои зинда мондани ин тифли навзод мубориза бурда истодаанд.
Сабабҳои фарзандашро аз ошёнаи 4-ум ба замин партофтани зан аз ҷониби мақомоти тафтиштӣ санҷида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД