Arzon march 2024
Зан синну сол ва рақам надорад! Қисми 1
3249

 

Ман ба зане хонадор шудаам, ки аз ман даҳ сол калон аст, вале на алфонсаму на тайёрхӯр. Марди сарватмандам, ҳама чиз дорам, ҳељ гоҳ аз ҳисоби зан нахӯрдаам, аммо занамро зиёдтар аз ҷонам дӯст медорам!

Биёед, бе мазоҳу масхара қиссаи зиндагии маро шунавед ва баъд қазоват кунед, ман онро бо номи рамзӣ менависам.

Бачаи калони хона

Дар хонаамон писари калонӣ ҳастам, ду додару ду хоҳар дорам. Оилаамон зиндагии хуб доштанд, зеро падарам шабу рӯз кор мекарданд, то ки мо зиндагии шоиста дошта бошем. Рӯзу солу моҳ гузашту мо ҳам парончак шудем. Донишгоҳро тамом кардаму дар љойи кори хубе ба кор оѓоз намудам, буду шудамро фидои фарзандони падар мекардам. Ҳамсоядухтарамонро дӯст медоштаму ба нею нестони волидонам нигоҳ накарда, ба ӯ хонадор шудам, хоҳару додаронам ба навбат оиладор шуда, хонаву дари падариро тарк гуфтанд, дар хона ману ҳамсараму ду писарам ва волидайнам мондем. Зиндагиямон серу пур буд, ман дар як вазифаи калидӣ кор мекардам, сарвари корхонаамон нав шуду мушкили ман сар шуд. Ӯ бо ман муносибати хуб надошт, оқибат ариза навишта, аз кор рафтам ва давраи бекориям фаҳмидам, ки пул ҳатто ба муносибатҳои хунӣ ҳам таъсир доштааст. Ҳамсарам шабу рӯз таънаам мекард, ки ту ноуҳдабаро ҳастиву натавонистӣ барои фарзандонат хона бихарӣ. Падарам умуман ҳамроҳам гап намезад, ки ту натавонистӣ бо роҳбари нават муросо кунӣ, ҳатто модарам ҳам…

Ман ҳамаи инро таҳаммул мекардам, дар ҳайрат мешудам аз табиати одамӣ, оҳиста-оҳиста ба май дода шудам. Акнун номам дар забони пайвандонам “алкаш” буд.

                                 Ситорае дар шом

Боре аҳволам бад шуду як рафиқам, ки давоми ҳама мушкилиҳоям бо ман буд, маро ба духтур бурд. Духтурзан, бонуи қоматбаланди хеле зебо маро муоина карду натиљаҳои УЗИ- ро дида гуфт:

-Ҳоли ҷигарро хароб кардед, ҷӯраҷон…

Он меҳрубоние, ки дар чашмони ин бону он рӯз дидам, ҳаёти маро як умр дигар кард. Мо ҷӯра шудем, ӯ маро мисли додараш медонист, аммо ман ба ӯ дил баста будам.

Ба хотири ӯ аз май даст кашидам, дар пойтахт кор ёфтам, то ба ӯ наздик бошам. Ӯ аз он меболид, ки як љавонро бо роҳи рост ҳидоят кардааст, ман бошам, аз ёфтани ӯ дар зиндагиям. Ҳамсари Бобуна даҳ сол пеш вафот карда буду ӯ бо ду духтараш танҳо монда, духтари якумаш шавҳар дошт, духтари дувумаш дар Қазоқистон таҳсил мекард. Ӯ дар оилаи бо тақво ба воя расида буду ба марди аз худ даҳ сол хурд оиладор шуданро умуман қабул надошт.

Ман акнун ба хона кам- кам пул мефиристодам, ба хабаргирӣ мерафтам ва муносибати пайвандонам бо ман хубтар шуда буд. Ман дар хонаи ҳамон дӯстам зиндагӣ мекардам, баъд хонаи иљора гирифта рафтам. Ростӣ, занамро дигар бахшида натавонистам, бо ӯ дар як бистар хобида наметавонистам, таънаву шӯрандозиҳояш ба падарам, ки боиси солҳои дароз бо ман ҳарф назадани ӯ гашта буд, пеши назарам меомаданду намехостам бо ин зани беандеша наздикӣ дошат бошам. Ду соли дароз даркор шуд, ки ман дили Бобунаро ба даст биёрам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД