Бибиам мегуфт, ки агар зан шавҳарашро дашном диҳад, дар ғоиб ҳам бошад, никоҳашон бурида мешавад. Ин андеша аз нигоҳи ислом дуруст аст?
Г.Л, н. Рӯдакӣ.
Посух
Ислом ҳамеша таъкид медорад, ки бояд байни зану мард эҳтироми хоса вуҷуд дошта бошад. Дар ҳама ҳолат зан бояд мардро эҳтиром намояд ва мард низ эҳтироми ҳамсарашро ба ҷо биёрад. Дар дини мубини ислом ва мазҳаби Абуҳанифа (р) дашном кардани шавҳар ба никоҳ костагие ворид намесозад, вале шоистаи зани мусулмон нест.