Мехостам дар мушкилие, ки дармондаам, маслиҳатам диҳед. Зане, ки аз шавҳараш ҷудо шуда бошад, бе вакил ва бе иҷозати волидонаш метавонад шавҳар кунад, яъне бо марди хостгораш никоҳ кунад?
З,М, хонандаи сомонаи ОИЛА ТҶ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯш
Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ зани шавҳардида (саййиб ва бева) метавонад, ки бе иҷозати волидонаш издивоҷ кунад, вале барои бобаракат шудани никоҳ ва хушбахт шудан ризояти падару модар ва дуои хайри онҳо лозим аст. Набояд фаромўш кард, ки барои дуруст шудани никоҳ ҳузури шоҳидон зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад.