Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як зани 34-солаи сокини шаҳри Турсунзода барои кордзанӣ хабар додааст.
Боздоштшуда дар ҳамла ба марди 41-сола гумонбар дониста мешавад.
Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода як зани 40-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки рӯзи 9-май тахминан соатҳои 11:00 як зани 34-сола дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Бобоҷон Ғафуров бе ягон асос бо корд ба шавҳари 41-солааш ҳамла карда, ӯро 1 корд задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.