Ман Амирҷон, пештар дар як ширкати тиҷоратӣ кор мекардам, вале як сол пеш маро аз ҷойи корам ихтисор карданду бекор мондам. Ҳамсарам ба сифати хизматгор дар хонаи як сарватманд кор мекунад ва азбаски ман чанд муддат бе кору бе пул мондам, зиндагиро худаш пеш мебурд.
Ростӣ, ман ҳам поямро рӯйи по монда намешиштам ва гҳ-гоҳ ба мардикорбозор мерафтам, то ки чор танга пул кор кунам, вале даромади ҳамешагӣ надоштам. Аз рӯзе, ки бе кор мондам, хру зор шудам. Занам бо миннату иллаташ дилу ҷигарамро хӯрда, як луқма нони мехӯрдаамро дар баданам заҳр мегардонд. Дам ба дам “Ҳой мардак, охир ту чи хел мард хастӣ, ки оилаатро хӯрондаю пӯшонда наметавонӣ?!
Магар шарм намедорӣ, ки аз “счети ман” хӯрда мегардӣ...”гӯён, ҳар рӯз маро таъна мезад ва гапҳои пасту баланд мезад. Оқибат суханони нешдораш ба номусам кора карданд ва шабона костюмамро гирифта аз хона баромадам. Пеши роҳамро ҳатто ду фарзанди зебоям нагирифт, чунки миннати зан натанҳо дил, балки қоматамро ҳам шикаста буду мехостам дигар рӯяшро набинам. Дилам аз модари фарзандонам ях барин хунук шуд, охир ин қадар сол ман меҳнат карда, зиндагиро мебурдам, вале миннат намекардам, занам бошад, ҳамагӣ як сол ноновари хона шуда, дилу ҷигарамро хун кард, ки ту аз ҳисоби ман мехӯрӣ.
Ҳамаги як сол бекор монда он қадар миннат шунидам, ки гӯё як умр аз ҳисоби занам хӯрда гашта бошам. Занам, агар фақат дар танҳоӣ мегуфт, шояд чандон аламам намекард, вале ин занаки беандеша маро дар пеши хешу табор, ёру ошно, ҳаққу ҳамсояҳо ва ҳатто одамони бегона паст зада, бекорхӯҷаю муфтхӯр меномид ва оқибат чунон ба ҷонам зад, ки аз дасти зан тарки хонаву дар намудам. Дилам ба фарзандонам месӯзад ва намехҳам зиндаятим гарданд, вале ҷангу ҷанҷоли занам чунон ба дилам задааст, ки дигар поям намекашад бао н хона равам.
Мақсади ман шикоят кардану бечоранолӣ намудан нест. Сарнавиштамро ба он хотир навиштам, ки ба дигар занони тоҷик дарси ибрат гардад. Хҳарони азиз, ҳаргиз рафтори зани маро такрор накунед, чунки зиндагӣ чархи гардон аст, мард, агар имрӯз бекор аст, шояд пагҳ ё рӯзи дигар кори хубе меёбад, ки ҳатто орзуяшро надоштед, вале сухани бад мисли захми носуре, ки ҳеҷ даво намеёбад, як умр дар дили одам боқӣ мемонад. Дили шавҳаратонро бо суханни ноҷо аз худ хунук накунед, чунки зиндагӣ бо муҳаббат зебост, на бо миннату иллат ва хархашаю ҷангу ҷанҷол барои пулу мол! Пулу мол чирки даст аст ва боз ёфт мешавад, аммо бахт, ки аз даст рафт, дубора ба даст варданаш бисёр душвор аст. Ба мард гапҳои талху таҳқиромез гуфта, ба решаи бахти худ бо дасти худатон табар назанед, занҳо!
Бо эҳтиром: Амирҷон