Formula september
  ЗАХМИ ҶОНСӮЗИ ЗАБОН
14.02.2021
Дилошӯб
3892

Модаркалони раҳматиям ҳамеша мегуфтанд, ки ҳаргиз касеро заҳри забон назанед, зеро захми табар аз пайкари инсон нобуд мешаваду захми сухан не. Ман он айём ба ин гуфтаҳо аҳамият намедодам, зеро ҷавон будам. Ба қадри суханони модаркалони порсоям танҳо он вақт расидам, ки худам заҳри ҷонсӯзи забонро чашидам. Ин нешҳоро ба ман шахсе мезад, ки аз ҷон зиёдтар дӯсташ медоштам, то ҳол сӯзиши онро дар ҷонам эҳсос мекунам, вале нешзанро Худованд муҳтоҷи ман гардонд. Аз мӯъҷизаҳоят гардам, Худои бузург…

                           Дунёи ман

Ман дар оилаи сарватманд ба дунё омадаам, падару модарам ҳамагӣ ду фарзанд доштанд- ману бародарам, аммо ба пулдорияшон нигоҳ накарда, моро дигар хел тарбия доданд. Мо ҳеҷ гоҳ ошиқи молу манол набудем, падару модари ман ҳар ду табиби дандон буданду оҳиста-оҳиста клиникаи шахсии худро кушоданд. Меҳнаташон самар оварду онҳо соҳиби ҳама чиз шуданд, додарам пайрави касби волидон шуд. Танҳо ман, ки аз хурдӣ ба муаллимӣ шавқ доштам ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳ супоридам. Дар курси чорум мехондам, ки маро ба писари як рафиқи падарам хонадор карданд. Шавҳарам корманди ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонмарди болобаланди зебо ва хеле маданӣ буд. Мо аз нигоҳи аввал якдигарро дӯст доштем, падарам шаби тӯй ба ман хонаи чорҳуҷрагии муҷаҳҳаз дар маркази шаҳр тақдим кард. Аммо Шаҳбол, ки хеле баномус буд, қатъиян ба он ҷо рафтан нахоста гуфт:

- Латофатҷон, хона туҳфаи падарат аст, вале ман ҳеҷ гоҳ дар хонаи зан зиндагӣ кардан намехоҳам. То зан додани додарам бо волидонам зиндагӣ мекунем, баъд худам бо меҳнати ҳалолам хона мехараму рӯзгорамонро ҷудо мекунем.

Шавҳарам як апаву як додар дошт, хоҳаршӯям шавҳар дошту бо оилаи худ зиндагӣ мекард, ҳеварам ҳоло дар мактаби миёна мехонд. Дар ҳавлии бошукӯҳи хусурам зиндагии ширини мо оғоз гашт, вале….

                           Маънии зиндагӣ

Хусуру хушдоманам ҳар ду табиб буданд, онҳо субҳ кор рафта, бегоҳ бармегаштанд, ман дар курси охир ба шуъбаи ғоибона гузаштаму пайи ташвишҳои зиндагӣ гузаштани солҳоро пайхас ҳам накардам. Аз зиндагии муштаракамон панҷ сол сипарӣ шуду мо соҳиби фарзанд нашудем. Баъди ташхису муоинаҳои зиёд духтурон ба хулосае омаданд, ки мо то аз ҳам ҷудо нашавем, соҳиби фарзанд намешавем. Ман Шаҳболро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам, зеро то хонадор шудан на ошиқ доштаму на бо касе вомехӯрдам. Аммо илоҷи дигар набуд…

Ҳарчанд хусуру хушдоманам бо гиря аз ман хоҳиш карданд, ки ҷиҳози овардаамро бо худ барам, розӣ нашудам. Ман рост ба хонае рафтам, ки падарам бароям тӯҳфа карда буд. Ҳатто либосу тилловориҳоямро ба модарам додам, ки ба касе хоҳад, диҳад. Ба рӯҳафтодагии сахт гирифтор шуда будам ва намехостам ягон ёдгорӣ аз гузаштаҳо дошта бошам. Падару модарам як соли дароз як пояшон дар хонаи ман буду пойи дигарашон дар хонаи худамон, хайрият додарамро зан дода будему келинамон кору бори хонаро мекард. Баъди як сол каме ба худ омада, дар мактаби назди хонаам ба ҳайси муаллимаи забони хориҷӣ ба кор даромадам. Ҷавонзани зебое будам ва хушдорон ҳам доштам, аммо дилам марду ишқу орзуи нав намехост, меҳри Шаҳбол гоҳ- гоҳе дар дилам рӯ мезаду шаби дароз мегиристам. Ин дард маро замоне тарк кард, ки шунидам Шаҳбол аз ҳамсари наваш соҳиби духтарча шудааст…

                               Салом, эй ишқ

Як рӯз директори мактаб маро наздаш даъват кард, дар наздаш як марди қоматбаланди ситорагарм менишаст. Ӯ маро бо мард шиносонида гуфт:

-Латофат Алиевна, ин кас Самир Аҳад, журналисти варзидаи радио, мехоҳанд духтарчаашон дарси иловагии англисӣ гирад, ман шуморо тавсия додам.

Ман на розӣ шуданамро медонистаму на не гуфтанамро, ҳамин вақт директорро касе ҷеғ заду ӯ берун баромад ва ман бо мард танҳо мондам. Мо ба хулосае омадем, ки ман ҳар рӯз баъди дарсаш бо Гулноз- духтари ӯ як соат дарси иловагӣ мегузарам…

Ҳамин тавр, оғоз шуд шиносоии ману Самир, ки ҳамсоли худам буд. Самир аз аввал хеле меҳрубон буду аз шавҳарам ҷудо шудани маро фаҳмида, гап додан гирифт. Оқибат бо ширинзабонию лутфу марҳамат маро шефтаву шайдои худ гардонид. Ман медонистам, ки ӯ зан ва ду фарзанд дорад, вале ин ҳама пеши роҳи ишқи сабиламро нагирифт. Духтарчааш Нозия хушзеҳн буду омӯзишаш пешрав низ шуд, ман музди корамро аз ӯ намегирифтам. Ман ба Самир дар бораи падару модараму хонаи шахсии алоҳида доштанам чизе нагуфтам. Сӯҳбатҳои мо бисёртар дар мошини ӯ сӯрат мегирифтанд ва байни мо ғайри сӯҳбат чизи дигар вуҷуд надошт.Ман гумон доштам, ки Самир маро месанҷад ва розӣ будам, ки агар таклиф кунад, зани дуввумаш шавам. Ба мани шикастабол ғайри меҳрубониву фарзанд чизи дигар даркор набуд. Аммо ошиқам ғайри таърифу тавсифи худашу хусуру хушдоману занаш, гапи дигар надошт. Боре ба ӯ гуфтам, ки наход байни мо ҷуз таърифу тавсифи ту ҳарфи дигар набошад? Ӯ ба хашм омада, як гапҳое гуфт, ки…

                             Заҳри забон

Самир чашмони каммиҷгонашро сӯям ало карда, фарёд зад:

-Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?! Ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ ё мехоҳӣ зани дуюм гирамат? Аз пушти Самир як занҳое мегарданд, ки ту ҳатто ба каблукашон намеарзӣ, муаллимаи камбағалаки кӯҳнапӯшак!!! Ҳатто як тилловорӣ надорӣ, фақат нуқраҳои арзонбаҳоро карда мегардиву боз ароз мекунӣ! Ту кӣ ҳастӣ, ки ба ман гап занӣ?! Вай боз ҳақоратҳои қабеҳ ҳам кард, ки барои ин ҷо оварданашон забонам намегардад….

Ман оҳиста аз мошин фаромадаму ба таксие шишта, ба хона омадам, се рӯз гиристам ва аризаамро навишта, аз кор рафтам…

Заҳри забони Самир он қадар ҷонсӯз буд, ки қалби шикастаамро хуншор намуд. Ростӣ, ман пӯшидани либосҳои ҷилодорро дӯст намедоштам, аммо ҳамеша либосҳои фирмавии гаронбаҳо мепӯшидам. Тиллои сафед ва нуқраро дӯст медорам ва Самир ин ҳамаро дигар хел қабул намуда будааст. Баъди як моҳи ин воқеа бо кӯмаки як мизоҷи модарам ба ҳайси тарҷумон дар як ширкати хориҷӣ ба кор даромадаму баъди ду сол ба тиҷорати мустақил оғоз намудам. Корам хуб буд, мошин харидам, вале дигар ба нигоҳи ҳаваси мардон беэътибор будам…

                         Вохӯрии ногаҳонӣ

Ман ба маризони саратон аз ҳисоби тиҷорати худ кӯмак мекардам. Як субҳ нав ба дафтари кориям омадам, ки як хонуми шиносам занг зада гуфт:

-Латофатҷон, як ҳамсояам ба бемории саратони бачадон гирифтор аст. Ҷарроҳӣ зарур, ҳамсараш мошинашро фурӯхт, ҳама амволи қимматнокашонро низ, вале пулашон намерасад. Агар кӯмак мекардӣ, кори хайре мебуд, ман аз ёру ошноҳо маблағ ҷамъ карда додам, ба Ҳиндустон бояд раванд. Ман ба дугонаам гуфтам, ки рақами корти ҳамсояашонро диҳад, аммо ӯ гуфт, ки худаш наздат меравад…. Баъди як якуним соат котиба гуфт, ки як мард омадааст, мегӯяд ҳамсояи Садафбон аст, дарояд? Ман сарамро аз рӯйи коғазҳо набардошта, иҷозат додам ва…

Шумо чӣ мегӯед, ки асаллом гӯён, Самир даромад… Ман худамро ба ношиносӣ задам, то шарм надорад, ӯ низ тарзе нигоҳ кард, ки маро намешиносад. Ман маблағи заруриро ба дасти ӯ додаму ба ҳамсараш шифои комил хостам, Самир рафт ва ман то дер гоҳ ба худ наомадам, аммо..

Баъди ду се моҳи ин ҳодиса Самир дубора наздам омаду пешам ба зону зада, узр хост ва гуфт, ки занаш вафот кардааст. Ӯ як ҳафтаи дароз шабу рӯз аз пасам гашт, то ӯро бубахшаму ҳамсараш шавам, аммо ман рад кардам. Зеро ӯ охирин умеди маро ба ишқу муҳаббату одамгарӣ кушта буд….

Ман қарор додам то умрамро сарфи кору ниятҳои хайр мекунам, то баъди сарам ёдгоре аз мани бефарзанд бошад….

                                                                   Бо эҳтиром Латофат

                                                                  Таснифи Дилошӯб        

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД