sebiston july new
Захми носур
770


Дар китобҳои қадимӣ дар бораи захми носур бисёр навиштаанд, вале чӣ гуна захм будани онро намедонам.

Аслан захми носур гуфта, чиро дар назар доранд ва давои он чист?
Абубарк, сокини ш. Душанбе.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Бародари азиз, захми носур гуфта, захмеро дар назар доранд, ки бо забони тибби муосир онро «свиш» меноманд. Шахсоне, ки захми носур доранд, агар ҳар саҳар, пеш аз баромадани офтоб ва шабона қабл аз хоб ба андозаи донаи гандум мӯмиё хӯрда, ҳамчунин каме аз онро болои захм банданд, шифо меёбанд. Барои гармбандӣ, яъне комперс ҳамагӣ 5 гр., мӯмиёро дар 100 гр., об ҳал кардан лозим аст. Докаро дар ин об тар карда, ба рӯйи захми носур мегузоред ва як шабонарӯз намекушоед. Табобатро то пурра шифо ёфтани захми носур идома додан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД