goodwell
Захме, ки то имрӯз месӯзад
182

Ассалому алайкум, хонандагони азиз! Мехоҳам саргузашти талхи як зани тоҷикро нақл кунам, ки солҳои зиёд аст бо доғи ҷанги шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунад.

Саодат дар оилаи серфарзанд ба воя расида буд. Онҳо нӯҳ нафар фарзанд буданд: чор духтар ва панҷ писар. Оилаи онҳо мисли садҳо оилаи дигари тоҷик зиндагии одӣ, вале хушбахтона дошт. Падараш деҳқони ҳалолкор буд. Аз саҳар то шом дар замин заҳмат мекашид, сабзавот мекорид ва маҳсули меҳнаташро ба бозор мебурд. Модараш бошад, зани меҳрубону хонадонсоз буд ва тамоми ҳастиашро ба тарбияи фарзандон бахшида буд.

Вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд, оромии зиндагии онҳо низ аз байн рафт. Дар маҳаллаи онҳо одамони мусаллаҳ зиёд гашта буданд ва мардум ҳар шабро бо тарсу ҳарос рӯз мекарданд.

Як рӯз модари Саодат аз ӯ хоҳиш кард, ки ба хонаи бародари калониаш равад. Келинашон соҳиби фарзанд шуда буд ва ба нигоҳубини кӯдак ёрмандӣ мехост. Саодат он вақт хонандаи синфи даҳум буд. Ҳангоми гусел падару модараш ӯро ба оғӯш гирифта, насиҳат карданд, ки рӯймолашро аз сар нагирад ва агар касе пурсад, худро зани шавҳардор гӯяд. Онҳо хавф доштанд, ки духтари ҷавон дар роҳ ба дасти одамони мусаллаҳ афтад.

Он рӯз ҳеҷ кас намедонист, ки ин охирин дидор аст.

Субҳи дигар хабар расид, ки як хонаводаро шабона ваҳшиёна куштаанд. Дар аввал касе бовар намекард. Баъдтар маълум шуд, ки қурбониёни он фоҷиа маҳз аҳли хонаводаи Саодат будаанд. Падару модар, бародарон, келинҳо ва ҳатто кӯдакони хурдсол аз дасти ҷангҷӯён кушта шудаанд.

Саодат ва бародараш бо шунидани ин хабар худро ба деҳа расониданд, вале дигар дер шуда буд. Насибашон танҳо дидани ҷасадҳои наздиконашон гардид.

Имрӯз аз он рӯзҳои сиёҳ зиёда аз сӣ сол гузаштааст. Саодат соҳиби фарзандону наберагон шудааст, аммо ҳар боре аз ҷанг ё солҳои навадум сухан меравад, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад. Ӯ мегӯяд, ки захми ҷисм шифо меёбад, вале захми дил баъзан то охири умр мемонад.

Мехоҳам ҷавонони имрӯз аз саргузашти чунин одамон ибрат гиранд. Сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳост. Касе, ки ҷангро надидааст, арзиши оромиро ҳам пурра дарк карда наметавонад. Худованд дигар ҳаргиз чунин рӯзҳои мудҳишро ба сари миллати мо наорад.

Бо эҳтиром, Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД