Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода дар бораи амалигардии панҷ барномаи давлатии соҳавӣ хабар дод.
- Панҷ барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, “Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028” бо арзиши умумии 2 млрд 241 сомонӣ мавриди амал қарор доштанд,- гуфт ӯ.
Зафарбек Давлатзода афзуд, ки “барои дастгирии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 182 млн 282 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда истода, барои таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона карда шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ азхудкунии маблағҳо 21 млн 485 ҳазор доллари ИМА, ё ин ки 87 фоиз ва аз аввали татбиқи лоиҳаҳо 78 млн 428 ҳазор доллари ИМА ё ин ки 44,8 фоизро ташкил менамояд”.